​Амният – волотарин неъмат

Муборизаи беамони иттилоотӣ байни мамлакатҳои ҷаҳони баҳри талқини ғояҳои сиёсӣва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ пур аз таззодҳоест, ки ҳадафу ғаразҳои мухталифро дар бар гирифтааст. Дар шароити имрӯзаи фазои беканори дастрасии аҳолӣ ба иттилоот тавассути шабакаҳои Интернет ва расонаҳои дигар оммавии ахборот боиси расонидани хабарҳои беасос ҳам шуда истодааст, ки боисизаҳролуднамоии мафкураи инсонҳо мешавад. Тафаккури фард дар такя ба заминаи фарҳангиву саводнокӣ ахборотҳои мавҷударо қабул намудаву ташаккул медиҳад. На ҳамаи фардҳои ҷомеа қодиранд, ки хабарҳои пучу бемағз ва ифротиро аз далелу бурҳонҳои қотеъ ҷудо намоянду баҳодиҳии воқеӣ кунанд. Гурӯҳи муайяни ифротгарои муғриз тӯҳмату даъвоҳои бофтаи худро маҳз барои тоифаи бетаҷриба равона менамоянду онҳоро гумроҳу сарсон месозанд, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом амсоли чунин ташкилотҳост. Ин нафарони шайтонтинати дилсиёҳи муғриз имрӯзҳо бо номиПаймони миллии Тоҷикистон худро муаррифии ҷаҳониён менамоянд, ҳол он, ки ба Ватани маҳбубамон иртиботе надоранд.

Хӯрдагирию эродҳои пайвастаи М. Кабирию дигар ин узви ин созмони ифротӣ ба амалҳои роҳбарияти олии Тоҷикистон ва раванди ободиву созандагии мардуми тамаддунофари кишвар далолати он аст, ки онҳо чун кӯрруда (апендикс) дар организми ҷомеа ҳастанду танҳо ифлосиву нопокиро мепарварандва дигар чизро намешиносанд.Охир, ҳунари ҳар мард нест, ки беҳбудиро дида тавонад ва комёбии ҷониби дигарро эътироф намояд.Худ, ки мардонагӣ надоранд, ба хоҷагони хориҷӣ таслим шудаанду вуҷуди худро бо маблағи ночизе бадал кардаанд. Нафси бад доранду нафси худро идора карда наметавонанд ва мутеи аҷнабиён шудаанд. Агар, ақлу идрок, фаҳму фаросот медоштанд амнияти ҷомеаро халалдор намекарданду ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ, захмати созандаи мардуми хоксори оддӣ мерасанданд.Вале, ҳазорон афсӯс, ки онҳо аз ин арзишҳо ҳазорон фарсахҳо дуранду муғризу ландаҳуранд. Машғули фисқу фасод ва бешарафианд, ки нишонаи баднафсии онҳост.

Аз ин лиҳоз, месазад, ки ҷомеа чун ҷарроҳи моҳир аз чунин кӯррӯда халос шаваду ҷаҳон пок боқӣ монад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ