Ҷаҳон алайҳи терроризм ва экстремизм
Мо ҳама хуб медонем, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.
Киҳо ба гурўҳҳои ифротгароии динӣ шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд.
Аз амалҳои террористон бештар одамони бегуноҳқурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африкаи Шимолӣ мушоҳида намудаем.
Имрўз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёвиро пайгирӣ мекунад. Таърихи терроризм ба таърихи сиёсии башарият ҳамсол аст. Террористон барои ба даст овардани қудрат, амалӣ гардонидани ғаразҳои худ аз гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ истифода мекунанд.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Иброҳим Азизов