Ҳалли низоъ бо роҳи осоишта
Муносибати ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи чандсолҳои тулони бо маром рушд карда аз таҳаммулпазирии милли ва оини дӯстиву ҳамсоядорӣ кор гирифта меоянд.
Муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Механизми ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд.
Сулҳу субот ва рушди ин ду кишвар омили калидии амнияту суботи минтақа мебоша. Тоҷикистон бо такя ба сиёсати хориҷии “дарҳои боз”- и худ ҳамроҳи дигар кишварҳо аз ҷумла бо Қирғизистон дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши назаррас гузошта истодааст.
Давоми солҳои охир бо талошҳои пайвастаи Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои дустона ва ҳамкори ду кишвар бомаром рушд намуда тақсиму тавсия ёфтаанд.
Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бар арзишҳои муштараки тамаддуни таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунем.
Ҳамкории байнидавлатии ду кишвар ин хости мардумони мо ва тақозои замон буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мутаъсифона ҳодисаҳои ризоъи рузҳои охир, ки дар ҳудуди марзи ин ду кишвар бо иғвоии мардуми қирғиз сар зад ва мардуми осоиштаро ноором намуд, моро бетараф гузошта наметавонад.
Мо дар ҳар вақту замон тарафдори сулҳ ҳастем ва мемонем. Кушиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи масъалаҳои ҳалталабро бо роҳи гуфту шунид, бо роҳи ооишта ҳаллу фасл намоем.
Аммо мардуми Қирғизистон ба талаботҳои созишномаи қаблан қабул кардаи ин кишвар риоя накарда бо сангпартои ва истифодаи яроқ мардуми Тоҷикистонро захмӣ намуда оромиро халалдор карданд.
Дар ин баробар мардуми тоҷик ва сарҳадбонони тоҷик барои дифои худ, марзу бум ва таъмин намудани амнияти мардумони наздисарҳадӣ чораҳои таъқирнопазири амниятиро ба роҳ мондаанд.
Гуфтушунидҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон дод, ки ба тарзи даврӣ пеши роҳи низоъ гирифта шавад ва ба он хотима дода шавад.
Хотиррасон менамоем, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хоҳони низоъ набуд ва намебошад, тарафдори бо роҳи гуфту шуниди осоишта ҳарчи зудтар ҳал намудани ин низоъ мебошад.
Беҳзод Наимов