​Намоиши асарҳои рассоми ҷавон

Дар факултети санъат намоиши ҳирфаии асарҳои рассоми ҷавон – донишҷўи соли чоруми ихтисоси манзаранависии дастгоҳӣ Дўлтиев Азамат баргузор гардид.

Ин иқдом ҷиҳати қадршиносии ҳунари рассомӣ ва дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ” ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки рассоми ҷавон Дӯлтиев Азамат таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ашўров Муқим ҳунари худро сайқал дода,

Маҳсули ҳунари Дўлтиев Азамат ҳини азназаргузаронӣ ба баҳои аъло сазовор гардида, аз ҷониби устодони кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ тавсия дода шуд, ки намоиши инфиродии корҳои иҷрокардаи рассоми ҷавон дар сатҳи фаротар ба намоиш гузошта шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ