​Навҳаи ҳангомаҷӯаи бетараф?!

Нафарони худобехабари бефарқу бетараф, ки худро “доно” тарошида “ғамхор” нишон додан мехоҳанд, навҳаи наве бофтаанд, ки зеби кампири бева мебошад. Имрӯзҳо мардуми башар огоҳанд, ки дар шаҳри Женева сарони давлатҳои Амрикову Руссия вомехӯранд. Вале, се рӯз пештар зиёда аз 2000 нафарафсарони полис барои таъмини амният ҷалб шудаанду ҳудуди шаҳри Женева ҳатто дар осмон низ таҳти назорат аст ва парвозу самти ҳаракати ҳавопаймоҳои байни давлатҳо дар ин мавзеъ маҳдуд шудааст. Ҳамаи ин амалҳо баҳри таъмини амнияти сарони кишварҳои номбурдаасту касе аз ин вазъ эроде намегирад. Ҳатто қисме аз сокинони маҳалро ба ҷои дигар кӯчониданд ё худ ҳаракати онҳоро давоми як шабонарӯз дар доираи ҳавлии худ маҳдуд кардаанд. Ягон нафар сокини шаҳр ё мухолифини давлат аз ин амалҳо изҳори норозигӣ надоранду ҳатто дар ин бора андеша намекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе нафароне суханчину сухангӯи беақлу тамиз аз раванди ифтитоҳи боғчаи бачагона дар маҳаллаи Ходими Ҷамолак изҳори норозигӣ карда мардумро нороҳат кардаву иғвоангезӣ карда истодаанд. Мардуми маҳалла шоданд, ки тавассути бунёди кӯдакистони нав ва шарофати қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони зисташон ободу шароити тарбияи кӯдаконашон беҳтар гардид. Ва ҳама барои ин бунёдкорӣ ва созандагӣ ба Пешвои муаззами миллат аз сидқи дил арзи сипос менамоянд. Танҳо кӯчагарди беинсоф, ки аҳли маҳалла несту худро аз бекорию беақлӣ “ғамхор” нишон додан мехоҳад, ҳамчун зани бева навҳаю ҳангома аз ин масъала эҷод менамояд. Мардуми Тоҷикистон, аз он ҷумла сокинони маҳаллаи Ходими Ҷамолаки шаҳри Хуҷанд хуб медонанд, ки амнияти сарвари давлат масъалаи муҳим асту набояд касе аз ин амалҳои амниятӣ озоре бардорад.

Дасисаи дигари ин нафарони бетамизи бадкина он аст, ки гӯё Пешвои муаззами миллат нисбати мардуми Хуҷанд дар хавотир аз “покушиние” бошанд. Ин шахси мӯътабар давоми фаъолияти сарварии худ тавонистанд, ки ҳисси маҳалгароиву тафриқаандозӣ байни маҳалҳо қариб,ки барҳам хӯрда бошад. Алҳол, байни минтақаҳоигуногуни кишвар алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра хеле рушд ёфтаанду пайванди хешутаборӣ байни минтақаҳои кишвар густариш ёфтааанд. Аммо, иғвогарони дасисабоз мехоҳанд байни минтақаҳою маҳалҳои кишвар бо ҳар сабабҳои беасосу баҳонаҳо тафриқаандозӣ намоянд. Магар дар хотир надоранд, ки роҳбарони наҳзатӣ ва қумондонҳои ҳамондаврааз тарси ҷон “телех” – ҳои сершумор доштанду ҳамсояҳои онҳо низ оромона зиста наметавонистанд. Ҳол он, ки ин нафарон ягон мавқею мақоми давлатӣ надоштанд.

Таъмини амнияти сарвари давлат вазифаи бевоситаи мақомоти давлати асту касе, ки ба ин масъала муқобил аст, нафарест муғризу гуфтаҳояш иғвогарӣ!

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ