​Ворух минтақаи ҷудонопазири Тоҷикистон

Мо Ворухро як ҷузъи таркибиву таърихии қаламрави Тоҷикистон медонем. Ворух аз даврони қадими таърих қаламрави тоҷикон буд ва ба ин сарчашмаҳои хаттӣ далолат мекунанд. Таърихро инкор карда намешавад. Мақсади сафари навбатии Пешвои муаззами миллати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба Ворух бо мақсади дарки масъалаи муаммоангези Ворух хеле муҳим ва саривақтӣ буд. Дар мулоқоти мазкур дарду рози садсолаҳои мардуми Ворух шунида шуд. Дар ин суханронӣ дар мавриди мақоми ин қаламрав бисёр дақиқ ва санҷида нуктаҳои муҳим ҷой доштанд. Аҳли ҷомеаи Қирғизистонро мебояд, ки дар ин масъала ҷиддан ва амиқан фикр кунанд.

Ин нукта муҳим буд, ки сарвари тоҷикон дар ин сафар ва гуфтугӯ бо мардуми диёр мавқеи расмию воқеии Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҷойгоҳи Ворух дар ва таърихчаи раванди гуфтушунидҳо бо Бишкек дар ин замина изҳор намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҷиддӣ таъкид кард, ки "дар тӯли тамоми давраи гуфтушунидҳо, яъне 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон қаламрави дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.”

Ин ҳам сазовори таъкид аст, ки Пешвои миллат ба аҳли ҷомеа мо ҳушдор медиҳанд, ки “чунин масъалаҳо танҳо тавассути гуфтушунид ҳал мешаванд. Роҳи дигари ҳалли чунин мушкилот вуҷуд надорад".

Даъвати Пешвои миллат аз сокинони Ворух дар мавриди зиндагӣ бо ҳамсоягон дар фазои дӯстона, сулҳу оромиш ва дур аз эҳсосот низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Умедворем, ки масъалаи Ворух ҳаллу фасли худро меёбад...

Кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ