Изҳорот: ТЭТ ҲНИ – ташкилкунандаи моҷаро бо роҳҳои пардапўшона
Мо огоҳ ҳастем, ки дар харитаи сиёсии олам ба таври ҷовидонӣ сабт шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи тоҷик ҷиҳати татбиқи орзуву ормонҳои нуҳуфтаи миллӣ имконияти фаровон пешниҳод менамояд. Вале воқеаҳои ҳузнангезе, ки дар як қатор кишварҳои дигар ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ҳеҷ як фарди худогоҳу худшиносро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин бесарусомониҳо иддае аз мардуми пастфитрату бемаърифат дини мубини исломро сипар намуда,боиси вайронкориву бесарусомониҳо гаштаанд, зеро онҳо воқиф нестанд, ки бо ин рафтору амали худ теша бар решаи ҳастиашон, давлату кишварашон мезананд.
Бадбахтона, ин гуна хиёнаткорону дасисакорон дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқиби кишварҳои Аврупо ҳастанд ба назар мерасанд, ки ба Модар-Ватани худ хиёнат намуда, берун аз хоки Тоҷикистон зери қаноти хоҷагони хориҷии худ нишаста, ба дасисаю моҷароҷӯи роҳ дода истодаанд. Ҳайратовар аст, ки ин қабил афродро хоҷаҳои вайронкору бедину бе имон пуштибонӣ мекунанд.
Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нобуд сохтани ҳамдигар даст мезананд. Ин кӯшиш ва мубориза барои пароканда кардану нобуд сохтани халқи мусулмон аст.
Дар замони пур аз тазод, мушкилотва ихтилофу зиддиятҳо оид ба афзоиш ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Зимни шинохти фаъолияти ҲНИ ба ҳайси пуштибон ва сарпараст эътироф шудани баъзе кишварҳову ташкилотҳо ба назар мерасад. Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапўшонава ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамоянд.
БАҲОРИ ШАҲРЗОД