​Дасисакориҳои бесуди Кабирӣ

Дасисаву хусумат ва иғвоангезиҳо Кабирӣ дигар аз ҳадду меъёри худ кайҳо гузаштааст ва ҷойи қабулу таҳаммули он нест. Дар ҳоле ки ҷавонон дигар он ҷавонони солҳои навадум ва насли гумроҳу бесавод нестанд, ки пайи андешаҳои носолими Кабирӣ ва пайравони он равона гарданд. Ҳоло ҷавонон хеле донову зираканд ва ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, намегузоранд, ки хоинони миллат аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш мафкураи онҳоро бо ақидаҳои носозгор банд созанд. Тайи чанд сол инҷониб ҳаммаслакони Муҳиддин Кабирӣ бо дасисаҳои ноҷо мафкураи ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнати бударо низ бо ақидаҳои носолим ҷалб намуда истодаанд.

Ҳар як ҷомеа, давлат, кишвар ва худи инсон аз пайроҳаи пур аз шебу фароз, пастиву баландиҳо бо устуворӣ ва қаҳрамонона убур мекунад ва ин қонуни зиндагист. Мо тоҷикон аз даврони қадим ин гуна роҳҳои пурпечутоби зиндагиро паси сар кардаем ва имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо умр ба сар мебарем ва он рӯз ба рӯз зебову гулафшон ва шукуфо гашта истодааст. Месазад, ки ба қадри он ҳама сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии миллат бирасем, ба шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки аҳриманпешаҳое чун Кабирӣ ва пайравонаш ба гулистони ҳамешабаҳори мо чашм ало кунанд.

Ҳоло дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ