​90 соли талошҳо ба хотири рушд

Бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ дар факултети физика ва техника чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур оид ба таърихи таъсисёбӣ ва рушди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маълумот дода шуд.

Аз ҷониби устодон як қатор маърӯзаҳо шунида шуда, донишҷӯён бо қироати шеъру иҷрои суруд ба чорабинӣ мазмуни бештар бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ