Филми "Бешарафӣ" ифшокунандаи амалҳои иғвогароёнаи хоинон

Аз тамошои қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” аз тариқи шабакаи интернетӣ (ютуб) намоиш дода шуд, ки аз бешарафиву беномусӣ, кирдорҳои пасту разилона, авбошиву дасисакорӣ ва найрангу тақаллуби яке аз пайравони Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ қисса мекунад. Ин филми ҳуҷҷатӣ бори дигар парда аз рӯи беномусиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин бардошт. Аз тамошои филм чеҳраи аслии Муҳаммадиқболе, ки аз худ “шайху порсо” метарошад, дар асл чунин хашину нафратовар будааст. Дар ин филм ҳамсояҳо ва омӯзгорони худи Муҳаммадиқболи Садриддин ӯро ҳамчун шахси душвортарбия баҳо медиҳанд. Яке аз ҳамсоягонаш бо номи Абдуқаҳҳор Мирзоев низ аз қаллобиҳои Муҳаммаиқбол қисса мекунад.

Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Муҳаммадиқболи Садриддин барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода, ҳар гуна иғвоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки ислом ба ягон ҳизб тааллук надорад. Гуноҳе, ки ин сагони миллат нисбати халқ мекунанд нобахшиданист. Ин шахсиятҳо бо суханҳои дурӯғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардан мехоханд. Ин душманони дини мубини ислом аз эътиқоду динии мардум истифода бурда тавассути ҲНИ мехоҳанд дар минтақа вазъи ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расанд.

Лекин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаистодааст.

Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ин давлати орому зеборо дубора хор нахоҳем кард ва мо аз давлати демократии худ ифтихор мекунем.

Мо низ омузгорон намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад. Имрӯз мо ба ҷавонони кишварро пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд ва намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст назананд корњои фањмондадињи мегузаронем.

Нақшаҳои баде ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Дар тӯли ин солҳо мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Имрӯз кишвари мо бо бисёре аз давлатҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, ки ин барои пешрафти кишвар мусоидат мекунад.Мо дар воқеъ бо кишвари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем.Мо мардуми азиятдидаи тоҷик, ки маротибае ин рӯзҳои пуртаҳлукаро аз сар гузаронидаем ҳаргиз намехоҳем, ки насли ояндаи кишвари азизамон бори дигар гирифтори ингуна нобасомониҳо шавад.

Мудири кафедра Хамидова С.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ