Аз хиёнат то бешарафӣ

Таълиму тарбияи насли наврас дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи арзандаеро соҳиб аст. Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлол гардидан маҷмўаи иқдомҳоеро ба сомон расонид, ки такмили низоми таълиму тарбияро самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлат эълон намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф таъкид намуда буданд: «Беҳбудии таълиму тарбияи насли наврас бояд дар маркази диққати ҳар як оила ва падару модар қарор дошта бошад. Онҳо бояд дар тарбия ва донишандўзиифарзандони худ ҳамеша бо муассисаҳоитаълимӣ дар тамосшуда масъулиятиҷиддӣ эҳсос намоянд. Тарбияи насли наврас кори аҳли ҷомеа аст».

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело зиёданд ва яке аз комёбиҳои муҳим устуворсозии давлатдории тоҷикон ва ба арсаи ҷаҳон баровардани обрўю нуфузи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буд. Маҳз ҳамин дастовард аҳамияти бисёр муҳим дорад, зеро ин масъалаи муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихии муосири мост, вагарна бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва кулли ҳадафу барномаҳои насли имрўзу фардои он маънои ҳастии худро аз даст медод.

Афсўс, ки баъзе душманони миллат, ватанфурўшони зархарид ин комёбиҳоро нодида мегиранд ва кўшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила садди роҳи пешравиҳо гарданд. Аз ин рў, то ҳол мисли дирўза вазифаи ҳифзи истиқлолият, сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, таъмини рушди устувор ва муназзами ҷомеа ва давлат аз ҷумлаи вазифаҳоиаввалиндараҷа мебошад.

Онҳо дарк намекунанд ё умуман фаҳмидан намехоҳанд, ки дар тули 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мо зери роҳбарии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардидааст. Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар татбиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад.

Ҳаёти одам - ин мутобиқшавии бетанаффуси ў ба муҳити доимо ивазшаванда, коркарди шаклҳои нави рафтор аст, ки барои ба даст овардани мақсадҳои муайян равона карда шудаанд. Ҳаёти одам - ин омўзиш аст, ки дар шаклҳо ва дараҷаҳои гуногун сурат мегирад: коркарди рафтори аксуламалӣ, рафтори оперентӣ, омўзиши маърифатӣ, омўзиши консептуалӣ.Дар синну соли наврасон бештар шаклҳои гуногуни омўзиши маърифатӣ зоҳир мешаванд.

Таълим ҳамчун фаъолият дар он ҷойе ҷой дорад, ки амали одамро мақсадузориҳои бошууронаи аз худ кардани дониш, маҳорат ва малакаи муайян идора мекунанд. Таълим – фаъолияти махсуси одам аст ва танҳо дар он зинаи иникшофи психикии одам имконпазир мегардад, ки ў қобилияти танзим кардани амалҳои худро туфайли гузориши мақсадҳои бошуурона дошта бошад. Таълим дар назди зуҳуроти психикии одам – протсессҳои маърифатӣ (идрок, хотир, тафаккур, нутқ, хаёл) ва сифатҳои иродавӣ (идоранамоии диққат, танзими ҳиссиёт, мақсаднокӣ, ташаббускорӣ ва ғ.) талаботҳои муайян мегузорад.

Масъалаи шахс аз лиҳози аҳамияти назариявию амалӣ доштанаш яке аз проблемаҳои асосии психологияи ҳозира ба шумор меравад.

Бояд қайд кард, ки барои ташаккулёбӣ ва рушди шахсияти наврас бояд рафтори психологии онро донист ва онро дар раванди таълиму тарбия ба инобат гирифт.

Педагог, ки одами навро тарбия медиҳад, бояд худаш шаҳрванди пешқадами ҷамъияти бошад, шуури сиёси ва идеяибаланди дошта бошад, зеро чунии шуур ва идея хулқу атвори уро муайян мекунанд.

Шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат»-ро намоиш доданд, ки дар он кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.

Дар филми хиёнатқисми 7 доир бабешарафӣ ва қаллобии МуҳаммадиқболиСадриддинсухан меравад. Бо баробари тамошои ин филм ба хулосае омадем, ки ў як шахси қаллоб, фиребгар, хиёнаткор буда, бо роҳи фиреб аз мардум маблағи зиёдро гирифта будааст. Аз филм бармеояд, ки ў аз овони хурдсолӣ душвортарбия буда, маълумоти нопурраи миёна дорад.

Ин филми мустанад нишон дода тавонист, ки воқеан Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо гуноҳи падараш ба доми бачабозон гирифтор гаштааст, руҳан шахси солим нест. Вай нокомӣ ва шикасти худашро на аз падараш, на аз худаш, балки аз атрофиёнаш медонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чеҳраҳои касифтарин ва лаинтарин одамҳоест, ки ҳамеша ба зиддин миллати тоҷик ва давлату ҳукумат ҳарф мезанаду сухан мекунаду сафтатта мебофад ва дурӯғпароканӣ мекунад. Шарафу номус чизи таҷовузнопазир аст, агар ин ду арзиши инсонӣ рахна шуд ва инсон бешарафӣ ва беномусии худро ба ноамоиш гузошт, ҳатман дур ё зуд шарманда ва радди марака хоҳад шуд. Ин бузриши бемаърифат ва хатороҳ ва гумроҳ ва бетамиз аз сақат гуфтану бедин хондани мардуму миллати мо ибо накарда, ҳамеша дар пояи дурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро журналист муаррифӣ намуда, сафсатахонӣ мекуанд. Ин касифи бешараф ва шайтонбача бо иблисии худ ҳаёти дигаронро ториккардан мехоҳад. Хуб аст, ки бори ифшои чеҳраи лаини ин гуна хоинон корҳое ба сомон расонида мешавад.

Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона ва боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик, оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористӣ, аз тарафи гурӯҳҳои ба ном “салафия” ва кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо ин амалҳоинодуруст мебошад

Дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомиятиҳудудии Тоҷикистонҳамчун давлати ягонаҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷикҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ваҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор шуд, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистонҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.Ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Инҳақиқати инкорнопазир ба он маъност, ки аввалан, Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди ватан, миллат ва таърих ба ҷой овард. Яъне, он вазифаҳои таърихие, ки дар назди ў,ҳамчун дар назди Сардори давлат, гузошта шуда буд, ҷомаи амал пўшиданд. Сониян, ин дастовардҳо ба он маъност, ки Тоҷикистонҳамчун давлати мустақил ваҳамчун давлати устувор ба як воқеияти таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт.

Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд.

Ғояҳои дурнигаронаи мактаби сиёсатмадории чунин пешвои сиёсӣ, ки дар андешаҳои ба ақли солим, афкори пешқадами ниёкон, назарияҳои давлатдории миллии таҷассуёфта дар таълимоти давлатмардони гузашта ва сиёсатмадорони пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ такя мекунанд, барномаи фардои зиндагонии шоистаи ҳар яки мо ва наслҳои оянда дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллии мо хоҳад буд.

Бо тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» мо ба чунин хулоса омадем, ки солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад, симои аслии яке аз шахсиятҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон шинос шудем.

Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунад.

Мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори ин қабил , бадхоҳини давлату миллат намегардем ва фаъолиятим орно дар хориҷи кишваршабидан маҳкум менамоем.

Рўзиева Мавлюда Давроновна дотсенти кафедра, Шарипова Нодира Ҳусеновна сармуаллим,

Саидов Фариддун Мирусмонович муаллими кафедраи назария ва тарбияи томактабии факултети

психология ва таҳсилоти томактабии МТД “ДДХ ба номи кадемик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ