​Толеъи баланд – атои Худованд!

Аксарияти мамолики ҷаҳон, ҳатто давлатҳои мутараққӣ алҳол, зери тазйиқи мавҷи сеюми хурӯҷи бемории сироятии COVID – 19 қарор доранду бо мушкилотҳои зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ рӯбарӯ шудаанд. Шояд. ин ҷазои Офаридгори пок барои иғвоангезию дасисабозиҳо, маъқул донистани ҳамҷинсгароиҳову дигар кирдорҳои ношоистаашон бошад? Дар ин радиф танҳо ҷонибдорию маблағгузорӣ ва ҷойгоҳдиҳии наҳзатиёни нобакори ватангадои хоин мақоми хоса дорад, ки инъикоси ҳангоматалабии бархе аз онҳост!

Шукронаи Парвардигори олам мекунам, ки Ватани маҳбубу беназирампоку озод аз ин вабои аср асту толеъи баланди инсонӣ насиби ҷомеаи мост. Ба иқболи моён дар кишвар фазои орому осуда ҳукмфармо асту мардум бо шукргузории амалҳои адолатпешаи роҳбарияти олии мамлакат бо заҳмати ҳамарӯзаи созанда машғуланд. Танҳо нафарони танбалуландаҳур, бахилу нотавон, сиёҳдилу бадтинат дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро,ки дар арафаи таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 – солагиаш қарор дорем, нодида мегиранд. Зеро, худ муфтхӯри муғамбир ҳастанду танҳо нафси бад доранду бас!

Қишри солимандеши ҷомеа азкомёбиҳои нав ба нави кишвари худ аз таҳти дил сарафрозӣ мекунанду шукри бепоён доранд, ки дар толеъю иқболи баланди Тоҷикистон чунин роҳбарони одилу оқил, раъиятпарвару хирадманд ва дорои арзишҳои олии дигари инсонӣ насибашон будааст. Арзи эҳтиром ба роҳбарияти олии кишвар ва сипоси беандоза ба даргоҳи Аллоҳ менамоянд, ки сарзамини моро аз беморӣ дуртар нигоҳ доштааст. Зеро, тӯли зиёда аз се моҳ аст, ки мубталошавии тоҷикистониён ба бемории коронавирус ба мушоҳида мерасаду ҳаёти ҷомеа дар заминаи рушди иқтисодӣ бо маром пайваста пеш меравад. Толеъи баланди мардум аст, ки оромона дар фазои сулҳу субот ва якдилию ваҳдат сарҷамъона дар гирди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои созанда сазовори эҳтироми ҷаҳониён шудаанд. Мардуми олам бо шарофати иқдомҳои табиатдӯстонаи дурандешонаи роҳбарияти олии кишвари биҳиштосоямон ҳамаи ҳамдиёронро асосгузории дипломатияи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об мешиносанд, ки боиси ифтихори ҳар як ҳамватанон аст.

Мебояд доимо шукронаи толеъбаландии худододӣ кунему баҳри ободии Ватани зебоямон бо ғайрати дучандон камари ҳиммат сахттар баста бошем.!!!!!!!!!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ