Муҳаммадиқболи бешараф
Имруз ҳар як ҷавони кишвар новобаста, дар кадом сину сол, ки набошад,гирифтори доми муғризонаи гуруҳҳои террористи мегарданд. Бинобарин пеш аз ҳама ҳар як шахс пайваста барпои муҳофизати худ ҳушёрию зираки сиёсиашро аз даст надиҳад. Дар шабакаҳо телевизионии намоиш додани Филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем.
Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат қатлу хунрезӣ харобиҳои ки саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИ бар сари ин миллати тоҷик оварданд аз тамошои филми дар боло зикршуда баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги сангину нангине, ки дар байни мардуми тоҷик рух дода буданд аъзоёни наҳзатиҳои торорист буданд ва ин пурра собит гашт ва ҳоҷат ба такрори ин мавзуъ нест.Дар воқеъ яке аз аъзоёти наҳзати, ки истифода аз номи ислом мардумро гумроҳ карда буд, ин падари Муҳаммадиқбол, Қаландари Садриддин мебошад. Қаландари Садриддин фарзанди худ Муҳаммадиқбол–ро барои сабақи динӣ гирифтан ба домулоҳои бонуфузи он замона бо номи Муллошариф тоҷике, ки у низ яке аз гурезаҳо буд ба назди у месупорад.
Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Оила дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи фарзанд, нақши муҳим мебозад. Воқеан ҳам илм кайҳо исбот кардаст, ки амалкарди ҳар як шахсият аз хислати хуби Ӯ берун меояд аз тарбияе, ки дар хонавода гирифтааст аз анъанаҳое, ки барои ин хонавода хост буданд аз муҳите, ки шахс дар охуши он ба воя расидааст мутасифона Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз қурбонии муҳите гаштааст, ки падараш ва ҳамдастони падараш аз ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда буданд. Муҳаммадиқбол низ яке аз онҳост, ки кори худро бо мардумфиребӣ, хиёнат барои давлату миллати худ анҷом медод. Дар филми ҳуҷҷатии "Бешарафӣ", онро мо дар шабакаҳои телевизинонии тамошо кардем воқеан ҳам амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи Муҳаммадиқбол дида мешавад.
Дар охир гуфтани ҳастам Сарвари давлат , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта буданд. “Барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад”.
Зеро дар замони имруза, ки худ замони пешрафти илму техника ва техналогия ба шумор мерава. Мо бояд аз доми инбаъдсифатон дур бошем, зеро террористдин, миллат, мазҳаб надорад кори ин гуруҳҳо фақат як чиз асту халос ин ҳам бошад тафриқа андози,ғоратгарӣ ва вайронкори мебошаду бас.
Ҷураев Манучеҳр омузгори кафедраи умумидонишгоҳи сиёсатшиносӣ