Наҳзатиҳо – гурӯҳе бешарафу беномус

Одатан, фарди соҳибидрок на ҳамеша ба маънову зермаъно, маънои пӯшида ва дигар паҳлӯҳои ин ё он вожаю ибораҳо эътибори ҷиддӣ медиҳаду тобишҳои гуногуни онҳоро меҷӯяд. Лекин, ҳангоме,ки ин ё он вожаю ибора ҳамчун исми ягон китоб, филм ё макону мавқеи географӣ бошад ё гардад, ба ҳамаи паҳлӯҳои он бештар таваҷҷӯҳ менамоянд, ки муҳаққақони соҳа онро чун “феномени алоҳида”дар фаҳмиши вожаи мушаххас ҷудо менамоянд. Масалан, вожаи “шараф” ё “бешараф”-ро ҳазорон маротиба шунидаему аҳамияти хоса зоҳир намекардем ва аксулмаънои шаън, нангу номус,орият ва ғайра шуда тавонистани онҳоро аксарияти нафарон ҳатто ба гӯшаи хаёлашон намеоварданд.

Таҳия, намоиши васеъ дар расонаҳои рақамии иттилоотӣ, ташкили тамошои дастаҷамъонаи қисмҳои филми мустанади “Хиёнат” бо ифшои ботини палидонаи симоҳои манфури наҳзатӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа раванди пурталотуме пайдо кард, ки аксарияти мардумҳамовозӣ ба муаллифонро изҳор карда мамнун аз он гаштанд, ки дар раванди муқовимат ва мубориза бар зидди ифротгаророну террористони ҷаҳонӣ, аз он ҷумла наҳзатиёни палиди манфур аслиҳаи тезбур ва заминаи боэътимоди далелҳои таърихӣ ба даст омад. Зеро, дар организми инсон ҳиссиёти дидану тамошо кардан боиси бештар нақш бастан дар хотира нисбат ба шунидан мешавад. Ҳатто мақоли халқии “шунидан кай бувад монанди дидан” ё худ “як бор дидан беҳтар аз сад бор шунавидан ” метавонад ин гуфтаҳоро тасдиқ намояд. Дар ҷараёни тамошои филми мустанади “Хиёнат” нафари соҳибдилу ватанпарвар, худогоҳу бо нангу номус аз саҳнаҳои пешниҳодгашта ғазабу нафраташ нисбати бедодиву золимиҳо,беинсофӣ, беимониву баднафсӣ ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи худозадагони наҳзатӣ боло меравад. Хусусан, аён эҳсос мегардад, ки баъзе палидон , чун Муҳиддин Кабирии нохалафу мазҳабфурӯши хиёнатпеша симои инсонӣ доранду ҳангоми сухангӯиҳои ифротона худро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд менамоянду дар асл чӣ қадар манфуру палид, ваҳшиву золим,бадкинаву сиёҳдил будаанд. Алалхусус, пештар аксарияти аҳолӣ аз аслияту ботини ҳаммаслакони думраву чоплуси М. Кабирӣ ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва чандин дигарони наҳзатӣ маълумоти кофӣ надоштанд ва аз тамошои филм ҳамаи он далелҳоро дарёфтанд.

Аз ин лиҳоз, таҳиягарони ин асари воқеӣ ба Ватану ватандорон хизмати босазои фарзандона карданд, ки сазовори арзу сипосу эҳтиром ба ин нафарони шуҷоъи эҷодкор мебошад.

Манзараи риққатовари шиносоӣ бо “корномаҳо”-и наҳзатиёни хоин он буд, ки насли ҷавони поку беолоиш аз лаҳзаҳои ҳаёти муҳоҷирон дар хоки Афғонистон, мазористони ҳамватанон ва ғайра огоҳ гашта бо чашмони ашколуди пурғазаб ба амалу рафтори наҳзатиёни баднафсу беимон менигаристанд. Алалхусус, бохабар гаштан аз харидории бинои сохтмонаш нотамоми беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сироятӣ бо маблағи ночиз аз ҷониби Муҳиддин Кабирии маккору палид ва амалҳои нобакоронаи ӯ ҷиҳати фурӯши минбаъдаи он дар айёми паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 – вабои асри 21-умхеле мудҳишона буд ва исбот менамояд, ки нафари чунин рафтору кирдордошта ҳеҷ вақт мӯнису ғамхори халқ набудааст, нест ва намешавад.

Ҳатто, алҳол, ки давраи пуртаҳлукаи мубориза бар зидди ин бемории марговари сироятӣ асту сарфу харҷи маблағу заҳматҳои зиёдро металабад, Кабирии муртад бо ҳаммаслаконаш ба ҷойе, ки кӯмаки моддиву маънавӣ ба ҳамватанони собиқ, ақаллан ба хешу табори худ кунанд, мавқеи “қозӣ”-ро гирифта ба ҳар амали пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлолусоҳибихтиёрамон эрод мегиранду сангпартоӣ мекунанд. Худи ин мавқеи пешакардаашон гувоҳӣ медиҳад, ки наҳзатиёнро танҳо ғаразғасби ҳокимияти давлатӣ бо ҳар роҳасту нисбати мардуми Ватанамон андешаи паразитӣ (худхӯрӣ) доранду бас!!!. Зеро, онон виҷдону имон бар ивази маблағи ҳангуфт ба хоҷагони хориҷии иблиссифат фурӯхтаанду танҳо бо ҳидоятҳои онҳо қадам мезананд.

Лӯхтаки сохтаи либоспӯшанду ҳатто бе иҷозати ҳоҷагонашон ҳуқуқи пок кардани оби даҳону бинии рехтаашонро надоранд, ки аз наворҳои иртиҷоии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст.

Ҳамаи амалҳои наҳзатиёнро бо чашми хираду ақли ҳақиқатбинона нигоҳу таҳлил намоед, монанди амали зишту бадкинаи рӯбоҳи маккор нисбати хурӯси мағрури беақл нест? Боқӣ қазоват ба зеҳну фаросати Шумоён, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бошад!!!!!

Давраҳои ҷавонии моён, яъне солҳои 80 – 90 – уми асри 20 сатҳи одобу ахлоқи ҷомеа аз давраи имрӯза хеле фарқ менамуд. Алалхусус, ин рукни муҳими тамаддуни ҷомеа дар байни ҷомеаи мусалмонони Осиёи Марказӣ дар заминаи фарҳангу урфу одат, анъанаҳои қадима арзишҳои олии инсониро инъикос мекард ва ҷаҳониён, хусусан аврупоиён ба мардуми мо тавваҷӯҳи хосаву ҳаваси омӯзиш мекарданд. Эҳтироми баланд ба волидайну аҳли хонавода, иззати сину сол, эҳтироми калонсолон, хусусан,мӯйсафедон, мавқеи фаъолону калонсолони маҳалла дар тарбияи фарзандон, риояи маданияти баланди оиладорӣ, пӯшидани либос, рафтору гуфторҳои ҳамида ва ҷиҳатҳои дигари инсонпарварию ватандӯстӣ муҳимтарин мояҳои пешрафти босуботи ҷомеа буданду ҳама якҷоя баҳри нигоҳдошту ҳифзи арзишҳои волои инсонӣ кӯшишу ғайрат менамуданд.

Қироати навидҳо аз рӯзномаву маҷҷалаҳо, мубоҳисаи навгониҳо, таҳлили хабарҳо ва ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти муосири ҷомеа дар заминаи таҷрибаи бособиқаи рӯзғордорӣ ва ғайра ба насли калонсолон имконият медоданд, ки арзишҳои олии рушди ҷомеаро ҳифз ва риояи ҳатмии онҳоро таъмин намоянд. Вале, солҳои охир бо олудасозии мафкураи қишри осебпазири ҷомеа – насли ҷавони камтаҷриба бо ғояҳои бегонаю ифротӣ идеологҳои муғризи хориҷӣ тавонистанд бархе аз ҷавонони моро ба доми фиребу макри худ кашанду мафкураи онҳоро моили ғояҳои ифротӣ, хусусан баднафсию бешарафӣ созанд. Ин амалу ҳаракатҳои палидона дар таъсису ташкили ҳизбу созмонҳои мухталиф ба монанди Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва дигар намудор гардидааст.

Тадриҷан тарғиби волоияти маблағ нисбат ба арзишҳои инсонӣ – шикастанафсӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, худогоҳию меҳанпарастӣ ва ғайра қувва гирифта нафсонияти моддӣ нисбат ба маънавиёти ҷомеа бартарӣ пайдо карда истодааст. Хушбахтона, танҳо теъдоди хеле ками узви ҷомеа олудаи ин ғояҳои ғайриинсонӣ гаштаанд.

Боиси таасуф аст, ки дар ин давра баъзе арзишҳои муҳими миллӣ коҳиш ёфтаву касод гаштаанд, ки ҷабҳаи асосии онҳо марбут ба парастиши боигарӣ, афзалияти нафси моддӣ бар маънавият ва амсоли онҳо мебошанд. Сутуда гаштани қиммати рукнҳои муҳими ҷомеа ба амал омадааст, ки онро метавон дар мисоли тағйирёбиисатҳи муносибати ҷомеа ба масъалаҳои нангу номус мушоҳида кард. Агар солҳои пешинҷавонписаре ё ҷавондухтаре нафси худ идора карда натавониста амали шаҳвонӣ бе никоҳи расмӣ анҷом диҳад, ӯ ва аҳли оилааш сазовори маломати аксарияти ҷомеа гашта боиси таҳқиру шармандагӣ ва ҷудоӣ аз ҷомеа ҳамчун “махав”мешуданд. Маҷбур мегаштанд, ки ба маҳалҳои дигар кӯч банданду доғи бардоштаро пинҳон доранд. Вале, имрӯзҳо мебинем, ки одоби ҷомеа то ба кадом андозае тағйир ёфтааст. Масалан, тасдиқ гардидани амалҳои “бешараф” – ии сухангӯи берӯи наҳзатиён Муҳаммадиқболи Садриддин бо бадандешии қиблагоҳашбарои наҳзатиёни палид ҳамчун амали оддӣ қабул гаштаву онон ҳатто садое ё аксулсадое баланд накардаанд !?

Агар садҳо солҳо пештар “бешараф” гаштани ҷавоне боиси радди маърака шудани ӯ ва аҳли хонаводааш мегашту ӯ дигар тамоми умр сархаму зери санги маломат ҷой мегирифта бошад, имрӯз Муҳаммадиқболи бешараф ҳамчун “озодихоҳу демократи варзида”худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ мекунаду ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд ва ҳатто аз бешарафиаш шармаш намеояд.Кабирии муртаду думравони ландаҳури наҳзатиаш бошад ба Муҳаммадиқболи бешараф кафкӯбӣ менамоянду ӯро фахри наҳзатиён мехонанд. Шояд ҳамаашон аз ин тоифаанд ? Вагарна, мебоист ин “мубталои бемории шаҳвонӣ” – ро аз назди худ дур мекарданду эълон медоштанд, ки наҳзатиён чунин бешарафиро намепазиранд !?

Агар заррае имони мусалмонӣ медоштанд, Муҳаммадиқболу амсоли ӯ “бачабозон” – ро қотеъёна маҳкум менамуданд, зеро дини мубини Ислом ҳамҷинсгароиро азимтарин гуноҳ меҳисобад. Лекин, чӣ тавре, ки мебинем барои наҳзатиён бо сардории Кабирии мунофиқ ҳеҷ як меъёри ахлоқу одоб вуҷуд надоштаасту як бешарафи номусгумкардаро “рупор” – и муваффақи наҳзатиён мешуморанд. Нафароне, ки бешарафию беномусиро ширк намеҳисобанду маҳкум намекунанд, чӣ тавр метавон инсон номид? Чунин палидони бемавқею беимон чӣ ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки ба амали давлатдорони Ватани маҳбуби мо хӯрдагирӣ намоянд?!

Наҳзатиёни ифротӣ худ ифлосу палид ҳастанду чӣ тавр даъвои покию инсонӣ мекунанд ? Аён аст, ки нангу номус, орияту виҷдон, инсофу инсонгарӣ ва дигар арзишҳои олиро бо маблағҳои хоҷагони хориҷиашон бадал кардаанду алҳол амсоли қоғазҳои расмдори бонкӣ даст ба даст мегарданд. Наҳзатиёни нобакор чун чуғзи белона дар фазои Аврупо ба ҳар дасте, ки луқма медиҳад, менишинанду фармонҳои луқмадеҳро тутивор ба иҷро мерасонанд. Муҳимаш барои онҳо луқма доранду боқӣ фарқе надорад, ки он “ҳаром”аст ё “ҳалол” !?

Чунин рафтори онҳо шабеҳи он амалашон аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ омодаанд аз ҷумлаимардинаҳои занмиҷоз ё занҳои мардмиҷоз (хуносо ё гермафродитҳо)пайравон дошта бошанд. Мақоли пурмазмуни халқӣ “ така бошаду шир диҳад” мувофиқ ба наҳзатиёни хиёнатпешаю ватанфурӯш аст, ки амалҳояшон ҷавобгӯи ин ҳикмаи аст !!!!!

Лаънат ба чунин нафарони бешарафу беномуси ватану мазҳабфурӯш!!!!!

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ