Мардуми Тоҷикистон М. Кабириро ҷонибдорӣ намекунанд
Вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, ки пеш аз ҳама натиҷаи бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат аст, нигаронкунанда боқӣ монда, моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи вадаҳои бардурӯғи ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ нагардем. Мутаасифона, солҳои охир сафи одамони ифротгаро, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ қодиранд ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд, вазъияти тинҷу оромро халалдор созанд, зиёд гашта истодааст. Онҳо ҳатто тасаввур ҳам намекунанд, ки роҳи интихобнамудаи онҳо нодуруст буда, танҳо ба манфиати хоҷагони хоричиашон равона карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки мо ватанамонро худамон обод мекунем, каси дигар барои мо ин корро нахоҳад кард. Аммо, имрӯз мутаассифона, баъзе аз ашхоси нопок ва ғаразнок монанди М. Кабирӣ бо маслиҳатҳои хоҷаҳои хориҷиашон ба қадри ин қадар ободиву созандагӣ нарасида майли вайрон сохтани фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро доранд, ки боиси нигаронист. Аз ин лиҳоз, ин гуна ашхос, ки яке аз онҳо М. Кабирӣ аст, ҳеҷ гоҳ оиди дастовардҳои кишвари мо сухан намеронанд ва доимо дар ҷустуҷуи камбудиҳо ҳастанд. Итминони комил дорем, ки умеду орзуҳои нопоки чунин ашхоси манфиатҷӯй ҳаргиз амалӣ нахоҳанд гашт. Чунин ашхос ҳатто тасаввур ҳам намекунанд, ки дар бозии «шоҳмот» - и хоҷаҳои хориҷиашон онҳо пиёдагард ҳастанд, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз чунин одамон истифода мекунанд.
Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост, ки асоси пешрафт ва ободонии кишвар аст. Лекин ҳамаи ин осон ба даст наомадааст. Мардуми шариф ва соҳибфарҳангиҶумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам он рӯзҳои вазнин ва мудҳишро дар ёд доранд ва ҳаргиз фаромуш нахоҳанд кард.
Ҳоло фурсате расидааст, ки мо тоҷикистониён зери сиёсати ҳадафмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардем ва ба ин васила барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мақсаду мароми Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷикистонӣ бошад, ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини аҷдодӣ ва рушду обод намудани он аст.