​Семинар: Рушди санъати тасвирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъат семинари илмӣ-назариявӣ доир ба мавзўи «Рушди санъати тасвирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки устодону донишҷўён баргузор гардид.

Дар кори семинар масъалаҳои пешрафти санъати тасвирии халқи тоҷик дар даврони Истиқлолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни семинари фавқуззикр андешаҳои худро пиромуни масъалаи мазкур, инчунин, дар мавриди бурду бохти соҳаи санъати тасвирӣ ибрози назар намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ