Шукронаи саодати миллӣ

„Ҳар яки мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ба ҷо оварем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тамоми саъю кўшиши худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон равона созем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон рўзи 09.09.1991 соҳибистиқлол гардид. Дере нагузашта душманони миллат бесарусомониро оғоз намуда, ватанро ба вартаи ҳалокат кашиданд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят ҳассос Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ баргузор гардид. Ин Иҷлосия иҷлосияи тақдирсоз буд. Ба сари ҳокимият ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Нахуст суханашон: „Ман ба Шумо сулҳ меорам”– буд. Аз рўзи аввали фаъолияташон худро ҳамчун шахсияти ватандўст, сарвари раиятпарвар нишон дода, ҷони худро ба хатар монданд ва баҳри рафъи ҷанги шаҳрвандӣ кўшиш намуданд. Ҷисму ҷони Президентамонро гўё аз ҷавҳари сулҳу ваҳдат сохта бошанд, бо саъйу талоши зиёд баъди вохўриҳои пай дар пай ва таҳаммулпазирии беандоза бо сарварони қувваҳои мухолифин ба мо тоҷикон сулҳу салоҳ оварданд.

27 июни соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Аз ҳамин рўз сар карда дар кишвари мо дўстӣ, оромӣ тантана дошт. Корҳои созандагиву ободкорӣ бомаром оғоз ёфтанд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ баромад намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сарвари мо баҳои баланд доданд. Бояд гуфт, ки сарвари мо арзандаи ҳама гуна тавсифҳо мебошанд. Зеро дар байни мамолики мутамаддини ҷаҳон мақоми муносиб пайдо кардан як ҷаҳон дониш, таҷриба ва ҷонфишониҳо талаб мекард, кори осон набуд, ки аз ўҳдаи ҳамаи ин баромада тавонистанд. Аз ин рў, ҳамаи мукофотҳои олӣ ва унвонҳои бошараф насиби сарвари мо гашт. Унвони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин унвон ва шараф аст, ки президенти мамлакатамон ба он ноил гардиданд.

Дар 30 соли истиқлолият мо ба ҳадафҳои худ расидем. Аввалин баромадҳои сарвари давлат умедбахш буданд, ки ояндаи некро ба мо ёдрас менамуд. Ин аст, ки имрўз соҳиби Ватани соҳибистиқлолу озод ҳастем. Дар хоки поки ватани хеш хушнудона қадам мезанем, босубот меҳнат мекунем,

Уктам Алиев

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ