Орзуҳои барбодрафтаи Кабирӣ ва думравонаш
Инсон аз овони кӯдакӣ дар замири қалбаш орзу, нияту мақсадҳои пок мепарварад, ки ҳамаи онҳоро баъди ба воя расидан амалӣ намояд. На ҳамаи ниятҳо ҷомаи амал пӯшанд ҳам, худи мақсади пок инсонро ба сӯи роҳи созанда ҳидоят мекунад. Вале, дар байни ҷомеаи башарӣ метавон нафаронеро дучор омад, ки бо сабаби бадзотӣ ва тарбияи носолим танҳо ниятҳои нопоку мақсадҳои ғаразнок дар дил мепарваранд ва ҳамеша овораю сарсони орзуҳои муғризонаанд.
Ҳар гоҳ нидою овозҳои гӯшхарош, навиштаҳои бадахлоқонаи наҳзатиёни ифротиро дарёбам, шукронаи Парвардигор мекунам, ки аз ин бадзотон дураму касофати онҳо аз ман дурӣ меҷӯяд. Нафарони наҳзатӣ, ки шарафу виҷдон ба ивази молу чиз ба хоҷагони хориҷии иблиссифат фурӯхтаанд лофзаниҳои бемаъно мекунанд, ки дар Тоҷикистон ину он воқеаҳои манфӣ суръат мегиранду мардум аз роҳбарияти олии кишвар норизову интизори тазоҳуроти зидди давлатианд. Фаразан ин хаёлоти хобдидаашон асту дар заминаи орзуҳои хому пучи онҳо пайдо шудааст.
Агар, наҳзатиён мард мебуданд, нафаре ё гурӯҳи муайяне зери ҳимояи хоҷагонашон ба Тоҷикистон сафар мекарданду ҳаёту заҳматҳои мардумро дида аз наздик қалби онҳоро мепурсиданд, шояд дилкафу фишорбаланд якбора ба ҷаҳаннам роҳсипар мешуданд?! Зеро, аслият дар он аст, ки мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоли зебоманзарамон аз амалҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар қаноатманду бо садоқати беандоза омодаи хизмат ба Ватан ҳастанд. Шукронаи мамлакати ободу осуда ва пойдории сулҳу субот мекунанд. Талошҳои пайвастаи давлатдоронро дастгирӣ менамоянду хоҳони идомаи бардавоми ин созандагиҳоанд.
Шукронаи Офаридгору халқи азизам, ки ниятҳою тирашон хок хӯрдааст. Ҳайҳот, ки онҳо ҳатто арзандаи хок нестанду касофати онҳо хокро ҳам олуда кардааст.
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”