Хиёнат амали зишт аст!
Хиёнат ба Ватан гуноҳи аз ҳама вазнин мебошад ва хиёнаткор дар ягон гӯшаву канори Ватан эътибор пайдо намекунад. Кӯтоҳандешии хоинони давлат аз он далолат мекунад, ки онҳо Ватани хешро эҳтиром ва дӯст намедоранд. Бояд насли ояндасози имрӯза ва умуман тамоми табакахои ҷомеа кӯшиш намоянд, то ки ягон нохалаф ва беинсоф сулҳу салоҳ ва оромии кишварро халалдор нагардонад.
Зиёиён дар масири таърихи инсоният шахсони бонангу номуси миллат ба ҳисоб мераванд ва бояд фарзандони ояндасози миллатро тарбия намуда, эшонро ба роҳи рост ва накӯ ҳидоят намоянд. Баҳри ба камол расидани онхо камари ҳиммат баста, бо меҳнати ҳалол иродаи мардӣ ва шарафи инсонии хешро нигоҳ доштан мусоидат намоянд.
Аммо на ҳама метавонанд шараф ва номуси Ватану ватандориро эҳтиром созанд ва нигоҳ доранд. Ин боиси таассуф мебошад. Ашхосе ёфт мешаванд, ки ба гурӯҳи одамони баду зиёновар дохил ҳастанд ва ҳамеша бо рафтору амалҳои номатлуби хеш ба ҷамъият зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Вокеаҳои нангин нишон медиҳанд, ки гуноҳхое низ вуҷуд доранд ва бахшидани он гуноҳ вазнин ва нафринаш савоб аст. Хиёнат аз кабили гуноҳҳои азим ба ҳисоб меравад ва ҳар он кас ки ба ин амал пойбанд шуд, бе шакку шубҳа инсони пастфитрат мебошад. Ҳар ки ба он гаравида мешавад, баҳри гамхори нисбати ӯ нигоҳе ҳайф мебошад. Амалхои пасту мазаммат гардида хиёнат ном дошта, мутаассифона нафарони ба он афтидагон кам нестанд. Касоне ки бо миллату Ватан бозӣ доранд, тухми бадиву бадрафтори ва миллатзудоӣ мекоранд, хиёнаткор мебошанд.
Хиёнат ба Ватану миллат гуноҳи вазнин ва нохалаф аст. Имрӯз кулли табакахои ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки ашхоси нохалаф ба максадҳои хеш нарасанд. Ватани азизи хешро аз гирдобҳо ва домҳои хиёнаткорон муҳофизат намуда, баҳри амали намудани сиёсати созанда ва нигоҳ доштани сулҳу субот ва рушди муназзам дар ҷамъият камари ҳиммат банданд.
Ҷовид Умедӣ