Изҳорот: Рузгорат талх бодо Кабирӣ!
Дар нигоштаҳоироҳбари наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ҷанбаъҳои мусбӣ ва манфии образи офаридаашро нишон диҳад. Ва дар ин замина саҳнае офарад, ки он барои хонанда як чизи нав ва пандомезе гардад.
Дар навиштаҳояш аз пастравии иқтисодии Тоҷикистон
Лек Кабирӣ дар нигоштаҳои худ танҳо ба овозаҳое, ки худ онро месозаду бовар мекунад, ки ҳақиқат аст, далелҳои гуногун меорад. Ва худ низ қоил аст, ки вирус иқтисоди тамоми дунёро ба сатҳи поин бурд.
Кабирӣ муттаҳамона маҳз мардумро гумроҳ карданист, ки ин пастравиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо гуноҳи сарварони он аст. Ҳол он ки бо кӯшишу талош ва ҷонбозиҳо, умед ба рӯзи нек доштан, ҳамеша покандешӣ ва назари нек доштани мардуми заҳматкаши тоҷик ӯро аз ин бало раҳонд.
То нек нагӯӣ, нек наояд, мегӯяд халқ, аммо ба мисли шумо барин тоифаҳои пастфитрат, ки бад меандешеду ҳамеша бадӣ мехоҳед, имрӯз ба ҳоли мардум нигариста механдед, ки чӣ тавр зиндагӣ дорад. Аммо шумо ва ҳаммаслаконатон хато мекунед, зеро халқи тоҷик ҳамеша бо иродаи қавии худ ҳазорҳо балоро паси сар намуда буд, албатта аз ин бало низ раҳо меёбад. Беҳуда табли шодӣ назанед, ки дигар мардум ба шумобарин аҳмақон бовар надорад. Ба мисли худ аҳмақу кӯрнамаконро гумроҳ кардан гиред.
Тоҷикон мардуми босабру таҳаммуланд ва ҳеҷ гоҳ теша ба решаи худ нахоҳад зад.
Б. Шаҳрзод