Рисолати террористон қатл ва ғасбгароист!
“Ҳаракати Толибон”яке аз гурӯҳҳои терористӣ ва бераҳме мебошанд, ки дар сарзамини Афғонистон муборизаҳои даҳшатбори худро ба роҳ мондааст. Тавре аз маълумоти васоити ахбори омма огаҳ мегардем, “Толибон” ҳаррӯза дар ин кишвар, актҳои террористӣ, қатлу кушторҳои бераҳмона ва ба ғорату шиканҷаи инсонҳои бегуноҳ ва ғасб кардани сарзамини Афғонистон машғул ҳастанд. Наворе, ки дар фазои иттилоотӣ интишор гардидааст, нишон медиҳад, ки террористон аз гурӯҳи “Толибон” дар якҷоягӣ бо террористони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки аксари онҳо зодагони Тоҷикистонанд, афсарони ҳукуматиро дар вулусволии Моҳи майи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, бераҳмона ба қатл мерасонанд ва ҳатто ба таслимшудагон ҳам раҳм накарда онҳоро тирборон мекунанд. баъди ин амалҳои ваҳшиёнаи худ амволи давлатиро аз худ намуда, бинои маъмурии онро бошад оташ мезананд.
Барои ин ҳаракати ифротӣ инсоният арзише надошта, бо пасттарин хислати инсонӣ амал менамоянду, «инсоншикорӣ» мекунанд. Ҳастии инсон барояшон муҳим набудааст, чӣ тавре, ки мо худ шоҳиди он гаштем, ки дар навор афсарони ҳукуматӣ гарчанде, ки таслим шудаанд, аммо бадбахтона террористон онҳоро тирборон намуданд. Бо вуҷуди ин ҳама, имрӯз инсонҳои роҳгумкардае ба назар мерасанд, ки аз ин амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо бехабар монда, шомил ба ин гурӯҳи террористӣ мешаванд. Аммо дар асл чунин ҷавонони фиребхӯрда, аз чеҳраи воқеии онҳо огоҳ набуда, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи онҳо мегарданду ба доми онҳо меафтанд.
Баъд аз огоҳ шудан аз ин саҳнаҳои сиёҳи ин гурӯҳҳои террористӣ, ки калимаи инсоният гуфта ба онҳо ягон аҳамияте надорад, баъдан ба қадри истиқлолу сулҳи Ватан-Модари худ мерасанд, вале афсӯс, ки дер шудааст. Чунин гурӯҳҳо на давлат доранду на дин ва на миллату Ватан-модар. Ба номи ислом ва расули Ҳудо ба қатлу куштор машғул мешаванд, аммо дар ягон ояти қуръон наомадааст, ки мардуми бегуноҳро ва хусусан мусалмонро бо таври ваҳшиёна ба қатл расонӣ ё каллабурӣ. Ин кори онҳоро ҷаҳони ислом маҳкум менамояд.
Ҳама он амалҳои ваҳшиёнае, ки аз тарафи ин гурӯҳи террористӣ, ки дар боло зикраш намудем бояд ба ҳар як ҷавони ба ору баномӯси Тоҷикистон дарси ибрат шаваду, фирефтаи доми чунин инсонҳои дурӯя, ки дар гап дигар чиз мегӯянду дар амал дигар корро мекунанд, нашаванд ва аз корҳои ғайриқонунӣ даст бардоранд.
Бояд шукронаи сулҳу ваҳдатамонро кунем, зеро дар фазои орому озод зиндагӣ намуда истодаем. Нагузорем, ки ҳатто нигоҳи бади чунин гурӯҳҳо ба ин сарзамини мо расад. Ҷавононе, ки ба ин гуна гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд, ягон фоида ба даст наоварда фақат зарарашон ба Ватан, мардум, падару модар, зану фарзанд ва хоҳару бародарони худи онҳо мерасад.
Саидова Санавбар