Хоини миллат набинад рӯзи нек, хоини меҳан бимона, бади мурдан ҳам сияҳному палид...
Дустони азиз вақте, ки одам ошкоршавии хиёнатҳои каблии ҳизби мамнуъи Наҳзати исломи Тоҷикистонро мехонад худро бетараф ҳисобида наметавонад. Мо виҷдон дорем, тоҷик ҳастему дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ карда истодаем. Шукри Худовани меҳрубонро мекунем, ки Ватани озод, демократӣ ва дунявӣ дорем. Бадхохони миллат Иншоаллоҳ ба хеҷ мақсад нарасидаанду намерасанд.
Имрӯз хоини миллат, Кабирии ватанфурӯш барои қисмати боқимондаи нақшаҳои палидонааш мехоҳад аз қувваи муҳоҷирон истифода барад. Тавре ки худаш дар як суҳбати видеоияш гуфтааст. Вале гумон намекунем, ки ҷавонони мо ин қадар гумроҳу содда бошанд, ки боз ҳам ба найрангҳои ин палиди ватанфурӯш бовар кунанд.
Як бор агар дурустар андеша кунем шахсе, ки ҳисси ватандорию инсондӯстӣ дорад, ҳеҷ гоҳ ватанашро партофта намегурезад. То охирин нафасе, ки дорад барои наҷоти миллату ватанаш мубориза мебарад. Аммо ин палид Кабирии хоин бо ҳаммаслаконаш чикор кард? Албатта ватанро тарк гуфта гурехтанду дар хориҷи кишвар паноҳанда шуданд. Магар бо чунин гурехтанҳо метавонанд, ки касеро пуштибонӣ намоянд.
Мо дар бораи эҳтиром надоштани Кабирӣ ба падару модараш медонистем. Тавре ки ба ҳама маълум аст, ӯ дар ҷанозаи модар ва наздиконаш бо баҳонаи кор ба хотири пул шуда иштирок накарда буду аз худ ба дигар пайравонаш хондани ҷанозаро бо телефон кашф кард. Модоме, ки ба ин гунна палидони ватанфурӯш азизтарин касон падару модар қадр надошта бошанд, Ватан ва миллат чӣ аҳамияте дорад?
Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Озодбек Турсунов - устоди донишгоҳ