​Омоси бедаво!

Дар организмҳо бо сабабҳои гуногуни ирсию дигар тағйиротҳои кулл ба вуҷуд меоянд, ки метавонанд сабабгори бемориҳои мухталиф бошанд. Масалан, солҳои охир бемории саратони узвҳои гуногун авҷ гирифтааст, ки сабабҳои бавуҷудоии он то ҳанӯз бо пуррагӣ аниқ карда нашудаанду аз ин лиҳоз давои беморӣ низ то ҳанӯз дақиқан пайдо нагардидааст. Ҳатто хабарҳое мавҷуданд, ки барои нафаре, ки давои бемории саратон ёбад, баробари вазнаш тиллои холис мукофот медиҳанд.

Бемории саратон гарчанде хоси организмҳои зинда аст, шабеҳи онро метавон дар муносибатҳои дохилии ҷомеа мушоҳида намуд. Эҳтимол меравад, ки нафари гирифтори ғояҳои ифротию тарғибкунандаи онҳо чун ҳуҷайраи мубталои саратон дар организми ҷомеа мебошад, ки оромии муҳитро халалдор менамояд. ба сифати мисоли он бедавоии муғризона метавон балвогарони муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро ном бурд, ки аз қазияи минтақаи Ворухи шаҳри Исфара дасисаю иғвоҳои нав ба нав мебофанд.

Далелҳои таърихӣ собит месозанд, ки ҳудудҳои баҳсӣ сарзаминии аҷдодии тоҷикон буду ҳаст ва мемонад. вале, нафарони иғвогари муғриз намехоҳанд ҳақиқатро тан гиранд ва мардуми қирғизтаборро ба ҳар баҳонаҳои беасос шӯр меандозанду вазъи маҳали номбурдаро торафт ноором сохтанӣ мешаванд.

Гарчанде, ки дар сатҳи роҳбарияти давлатҳои ҳаммарз гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаасту то ҳанӯз хулосаи расмӣ баён накардааст, нобакорони ифротгаро байни қирғизҳо иғво барангехта дар ҳолати амалҳо тоҷикону Тоҷикистонро айбдор мекунанд. ҳатто, ба роҳбарони тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон эътимод накарда ба Додгоҳи байналмилалӣ даъво нисбати айбдории ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон кардаанд. Барои додгоҳи номбурда бошад, қабулу баррасии ин даъво айни муддаост. Зеро, саробони ин мақом оромии кишварҳои моро намепазиранду мақсадашон “ҳукмронӣ бо роҳи ихтилофандозӣ” мебошад.

Ин амали муғризони хориҷиро гурӯҳи кӯчаки қирғизони иртиҷоӣ ба худ парчам кардаанд аз оқибату пайомадҳои он андеша надоранд.Фаросаташон намегирад, ки байни ду ҳамсоя ягон нафари дигарадолат нахоҳад карду танҳо мусолиҳаи тарафҳоро мебояд боиси ҳалли воқеии масъала донист.

Фақат нафари муғризу иғвогари бе фаҳму фаросот баҳси байни ҳамсояроба ҷонибидигар пешниҳод мекунаду интизори адолат мешавад !!!

М.С.Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ