Мардуми Тоҷикистон сулҳхоҳ буд ва ҳамешагӣ сулҳхоҳу сулҳофар боқӣ хоҳад монд!
Низоъ ва кашмакашҳои марзи қирғизу тоҷик дер боз давом дорад. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон, қирғизон, ӯзбекон ва дигар миллатҳо аз қадимулайём ҳамчун дӯст ва бародар то имрӯз умр ба сар бурда истодаанд. Як бор ба хотири гузаштагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба худ савол диҳем. Дар ҳамон давра ягонагӣ ва иттифоқии байни миллатҳо буд, ки аз болои фашизми истисморгар ва таҷовузкор музаффарият ба даст омад. Дар китобҳои ба ҷанги хонумонсӯзи фашизми гитлерӣ бахшидаи нависандагони аксари миллатҳо доир ба дӯстии байни халқҳо: тоҷик, рус, қирғиз, ӯзбек, тотор, украин, молдаван, турман ва монанди инҳо суханҳо рафтааст. Дар ҳамон давра онҳо ба якдигар кӯмак мекарданд, аз ҳолати якдигар бохабар мегаштанд ва обу нони ҳамдигарро бо ҳам медиданд. Барои ҳамаи миллатҳо ин меҳрубониву садоқат ва вафодирии ҷанговарони миллатҳои гуногун дар давраи ҷанги гитлерӣ намунаи ибрат бошад ва то олам боқист инро фаромӯш кардан гуноҳ мебошад. Гуфтаҳои болоиро ба назар гирифта, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои чизу мол шуда набояд бо ҳамдигар низоъ кунем ва ба ҳамдигар бо назари ҳақорат нигоҳ кунем.
Низое, ки охирин маротиба рух додааст аз ҷониби мардуми наздисарҳадии қирғиз ба амал омадааст, ки ин амали онҳо нодурус ва ғайриқонунӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки дар ҳамаи ҳолатҳо онҳо бояд бо ҳамсоягони худ дар сулҳу салоҳ бошанд ва ҳамдигарро иззату икром намоянд.Мардуми низоъангези қирғиз бояд ҳаминро бояд дар хотир дошта бошанд, ки мардуми тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳу салоҳ мебошанд ва аз таърих ҳам маълум аст, ки мардуми бонангу номуси тоҷик дар ягон давра ба сари миллати дигар ханҷар ё теғ накашидааст ва ё набардоштааст.
Аз ин рӯ, мо ҳамаи миллатҳо бояд сарҷамъона барои гулгулшукуфии диёри худ саҳмгузор бошем ва ояндаи фарзандони худро бо тафаккури тоза ва дидгоҳи нав ба роҳ монем.
Мардуми ватандӯсту ватанпарвари Ҷумҳури Тоҷикистон сулҳхоҳ буд ва ҳамешагӣ сулҳхоҳу сулҳофар боқӣ хоҳад монд!