Нисбати ояндаи давлату миллат бетараф нестем
Мусаллам аст, ки имрӯз таъмини сулҳу субот, амният ва рушди устувори иқтисодӣ ҳадафи асосии ҳокимияти олии кишварамон маҳсуб меёбад. Аммо, мутаассифона, зиёд шудани сомонаҳои интернетии характери эктремистӣ дошта хатари љиддӣ ба амнияти давлату миллат эљод мекунад, ки боиси нигаронист. Пӯшида нест, ки ҳадафи асосии созмондиҳандагони ин гуна сомонаҳои тафриқаандоз - ноил гардидан ба ниятҳои ғаразноки худ тавассути паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ, ҷорӣ намудани бенизомӣ, барангехтани ҳар гуна низоъҳо ва ғайра аст. Ҳамзамон, созмондиҳандагони ин гуна сомонаҳои ғайриқонунӣ мехоҳанд худро ба тољикистониёну љомеаи љаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кунанд ва ба ҳамин васила ба мақсади худ бирасанд. Воқеан зиёд шудани сомонаҳои характери экстремистӣ дошта ва рӯй овардани онҳо ба ҷанги иттилоотӣ чун воситаи расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, хатари љиддӣ ба амнияти давлату миллат эљод мекунад, ки боиси нигаронист. Яке аз чунин сомонаҳо сомонаи интернетии «Ахбор.ком»-и М. Салимпур аст, ки акнун вай имрӯз номи худро иваз карда, онро «Бомдод.ком» номидааст. Мақсади асосии ин гуна сомонаҳои ифротӣ танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикстон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба ҳадафи худ ин гуна ашхос мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ љой медиҳанд ва гумон мекунанд, ки мардум онҳоро дастгирӣ мекунанд. Аммо, аслан чунин нест, зеро имрӯз кулли мардуми бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки фикру амали ин тоифаи одамон тафовути калон доранд. Бо вуҷуди ин, вазъияти имрӯзаи баамаломада аз ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ашхоси нопок нагарданд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ халалдор шавад. Илова бар ин, вазъи имрӯзаи ноороми љаҳону минтақа аз ҳар як мардуми бофарҳангу меҳанпараст талаб менамояд, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди љинояткорӣ, хусусан, терроризм ва экстремизм дучанд намояд, нисбати ояндаи давлату миллат бетараф набошад. Мо, љавонони кишвар воқеан нерӯи созанда ва пешбарандаи љомеа ҳастем ва итминон дорем, ки ояндаи давлату миллат аз донишу кордонии ин қишри фаъоли љомеа вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки андӯхтани донишро дар соҳаҳои гуногун ҳадафи асосии худ қарор диҳем ва дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузорем.
Камолиддини Раҷабзод!