​Дурӯгӯ кист? ТЭТ ҲНИ ё раҳбари Паймони миллӣ. ё ҳарду?

Рӯзе сӯҳбати онлайнии Роҳбари Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ё тавлидгари дигари ташкилоти ифротӣ Паёмони миллӣ Муҳиддин Кабириро хеле бодиққат гӯш кардам, андеша кардам ва ба худ хулоса кардаму хостам фикри худро дар чанд боб баён созам:

  • Муҳиддин Кабирӣ аввалан худ кист, ки дар кишвари хориҷа истода доир ба масъалаҳои мубрам бо сокинони Тоҷикистон гӯё сӯҳбати онлайнӣ анҷом медиҳад. Мо дар Ватану киҳо аз куҷо маслиҳату машварат медиҳанд. Мо мардуми тоҷик аз сабурон ҳастем, ки ҳар зарра хоки Ватанро аз ҳар олудаҳо эмин нигоҳ хоҳем дошт.
  • Чуноне, ки дар урфият мегӯянд: “Умри дурӯғ кӯтоҳ аст” ва дар воқеъ, дере нагузашта фаъолияти пасипардагӣ ва хиёнаткоронаву ҷинояткоронаи Ҳизби наҳзати исломӣ ба пуррагӣ ба мардум фош гардид. Филмҳои ҳуҷҷатии “хиёнат” шаҳодатгари гуфтаҳои болоиянд...
  • Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари посухдиҳандагони ин саҳифаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ 2—3 нафар аъзои ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ташкил медиҳанд. Номҳои мустаор, дашномҳои қабеҳ, гуфторҳои пай дар пайи якмазмуну заиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ далолат аз он медиҳанд, ки наҳзатиён вақти худро бештар бар ивази маблағҳои хориҷӣ худро ба танқидҳои беасосу дашномҳои қабеҳ мезананд. Дар ҳоле, ки онҳо гӯё аз ислому шариат ҳарф мезананд... Вой бар ҳоли чунин ашхосу гурӯҳҳои хиёнаткор...
  • Обу хоки муқаддаси Ватан на ҳар касро ба оғӯш мегирад ва на ба ҳар кас ҷой медиҳад. Дарбадарии аъзои ТЭТ ҲНИ низ беҳикмат нест... Мо хоҳони пеш рафтани Тоҷикистони азиз ҳастем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем ва бар зидди душманони Ватан муборизаи беамон мебарем!

Тоҷикистон ба пеш!

Ба пеш,

Ба пеш!

Ҷӯраева Гулафзо-омӯзгори факултети заонҳои Шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ