​Изҳорот: “Духтурони навбаромад”-и дилсиёҳ!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста ба сатҳи фарҳанг ва дониши сиёсию илмӣ хабарҳое паҳн менамоянд, ки онҳоро чунон тавсиф медиҳад, ки гӯё ҷабрдида бошанд. Ҳол он, ки сабаби асосии бархӯрди онҳо ба муаммоҳои зиндагӣ бештар ба сатҳи фарҳанг ва дониши сиёсию илмӣ алоқаманд буда, ин тоифа аз ношукрии банда ба Парвардигор озор мебинанд. Зеро, дар ҳоле, ки Офаридгор ба онон нерӯю тани солим додааст, метавон бо истифодаи ин мӯъҷизот рӯзғори худро муваффақона пеш бурд. Масалан, шикояти собиқ рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки худро чун ронандаи таксӣ муаррифӣ менамояд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст. Гарчанде, ки худи ин шаҳрванд таъкид менамояд, ки ба кӯмаки каси бегона мӯҳтоҷ нест ва худ “Қувват дорад, Худо хоҳад боз кор мекунад” ва тавассути ин амал мушкилотҳои зиндагиро паси сар менамояд.Вале, наҳзатиёни ватангадои ифротӣ суханҳои соддалавҳонаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо мақсадҳои муғризонаи худ истифода намуда, онро нишонаи норозигии халқи тоҷик аз Ҳукумати кишвар мехонанд. Ҳол он, ки ҳар як шаҳрванди оддӣ ва ҳатто мансабдорони сатҳи баланд низ вобаста ба муҳити рӯзғор ва омилҳои дигар ба мушкилотҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд ва бо ғояҳои солим кӯшиш менамоянд, ки ҳамаи муаммоҳои пайдошударо ҳаллу фасл намоянд.

Шабакаи иҷтимоиро аксарияти мардум ҳамчун макони ифшои ҳасрати дил фаҳмидаанду заруру нозарур дар ин саҳифаҳо аз баъзе мушкилотҳои ҷузъӣ арзи дил мекунанд. Нашояд, ки ҳар як сухани шаҳрвандонро ҳамчун норозигӣ аз амали Ҳукумати қонунӣ донист. Зеро, дар ягон мамлакатҳои ҷаҳон давлатдорон то имрӯз натавонистанд, ки ба ҳар як дарди ҷузъии шаҳрванди оддӣ давои мувофиқ ёбанд. Аслан, ҳар як инсони соҳибақл ва комилҳуқуқ мебояд дар ҳалли мушкилотҳои рӯзғораш бештар ба муҳити атрофаш такя намояд. Чунки, аллакай давлатдорон тавассути ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини фазои орому осуда, раванди ободониву дигар амалҳо барои шаҳрвандон шароити мусоид баҳри пешбурди зиндагии осоишта ва муваффақ фароҳам овардаанд.

Танҳо нафарони шайтонсифати ношукр аз шароиту мушкилотҳои мавҷудаи зиндагии шаҳрвандон манбаи тӯҳмату бӯҳтон ба давлатдорон мекобанд. Зеро, хоҷагони аҷнабиёнашон онҳоро барои сафсатагӯӣ, тӯҳматбофӣ ва дигар амалҳои палидона маблағгузорӣ мекунанду ватангадоёни ифротӣ ба монанди Муҳиддин Кабириву ҳаммаслаконаш аз арзҳои ҳасратонаи шаҳрвандони оддӣ ба мақсади худ истифода мебаранд. Ин нафарони нобакор, ки то ҳол баҳри рушди ҷомеа ҳатто ба андозаи тухми арзан манфиат наовардаанду имрӯз ҳамчун “духтурони навбаромад”-и дилсиёҳсуханчинӣ ва ба давлатдорон хӯрдагирӣ менамоянд.

Лаънат ба чунин“духтурони навбаромад”-и дилсиёҳи наҳзатӣ!!!

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ