​Эй “хоҷа” бадӣ накун, ки умр даргузараст...

Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехӯраду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Муҳаммад Кабирӣ барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода, ҳар гуна иғвоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки ислом ба ягон ҳизб тааллуқ надорад. Гуноҳе, ки ин сагони миллат нисбати халқ мекунанд нобахшиданист.

Ин шахсиятҳо бо суханҳои дуруғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардани мехоханд. Ин душманони дини мубини ислом аз эътикоду динии мардум истифода бурда тавассути ХНИТ мехоханд дар минтака вазъи ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо нисбати кишвару давлати мо ҷанги иттилоотӣ аз давлатҳои абарқудрат ва хоинони миллат оғоз шудааст. Онҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ пешравиҳое, ки дар ватанамон шуда истодааст ночиз дониста бар ҳар роҳу восита бархезонидани иғвоянд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатии ӯ ҳаргиз ба мавҷудияти ҳеҷ арзише болотар аз манфиатҳои мазҳабиву гурӯҳиашон қоил набуданд нахоҳанд буд. Кабирӣ ҳар гоҳ дар бораи мардумсолориву демократия ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанад, яқинан риё меварзаду дурӯғ мегуяд. Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дурру наздик нишон медиҳад, ки ТЭТ ҲНИ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва соҳиб шудан ба боигарӣ ва сарватҳои табии кишвар мебошад.

Кабирӣ беҳуда сарсону саргардон шуда ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони хориҷӣ нашав, аз паи зиндагиат шав. Ҳеҷ гоҳ сокинони кишвар он хиёнатҳое, ки нисбат ба давлату миллат, нисбат ба ватану модар кардӣ намебахшад. Имрӯз ва оянда дар назди давлату миллати худ ҳамчун хиёнаткор, хоини ватан, ватанфурӯш, беор, беномус боқи мемонӣ. Мо аз ин гуна ашхос, ки дилу нияти нопок дорад ҳаргиз намебахшем.

Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!

Диловар Раупов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ