Хислати мардона куҷо шуд?
Шабҳои бехобӣ баъзан дар олами хаёлот ғӯтта задани фард дар табиати одамизод аст, ки андешаҳои мухталиф фарогираш мешаванду дар тахайюлоти хеш инсон мекӯшад хислатҳои неку бадро ҷӯён шаваду аз пайи дарки фарқияти он бошад. Кӯдаки беғаш дар такопӯи зиндагӣ аз пистони модар ғизо мегираду дарк мекунад, ки асли ҳаёташ дар ин манбаи меҳр асту мебояд то охири умр ба он содиқ бошад.Зеро, бо гузашти айёми ҳаёт итминон пайдо мекунад, ки танҳо модар сарчашмаи меҳру шафқат, садоқату рафоқат будаасту дар олам болотар аз ӯ дигар неъмате вуҷуд надорад. Дар тавъам ба Модари мушфиқ маконе, ки инсонро зодаасту дар ощӯши фазои беканораш озодона нафас мекашад ва аз оби зулолу меваҳои шаҳдбораш мечашад инсони комилро чун оҳанрабо ҷазб мекунад, ки онро Ватан меноманд. Баробармаъною ҳамвазнии вожаҳои Ватан-Модар ё Модар-Ватан аксиома асту бидуни исботу таҳлил мафкураи инсон онро қабул намудааст.Ва он давре, ки дар ҷаҳон нафарони хоин ба Модар-Ватан дида мешаванд, табиат бо афсӯс оҳ мекашаду замини зодааш хоки худро заррае бошад ҳам олуда бо чунин муртадон медонад.
Таърихи навини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди равандҳои мухталифи гуногунҷабҳа асту то ҳол пурра бо таҳлили воқеъбинона қарор нагирифтааст. Вале, баъзе ҷанбаъҳои ин давра ҳоҷат ба таҳлил ҳам нест, чун оина шаффофу равшан аст. Ба ин гуфтаҳо метавон амалҳои ифротгаронаи ТТЭ ҲНИ мисол овард, ки барои халқи маҳбубамон кайҳо боз аст. Мебояд, дар рӯзҳои ҷашнгирии иди Ваҳдати миллц нисбати ҳаромигариҳои кӯҳнаю нави ин гурӯҳи нопоки мущризон андеша кард. Зеро, ин гумроҳони авомфиреб то имрӯз пӯсти ниқоби хешро дигар карда бошанд ҳам, ботинашон нопоку щашолуд боқӣ мондаасту чун ақраби каҷпои маслуқ аз заҳрзанц боз намондаанд. Организми пур аз фасоди Кабириву Истаравшанц ва ҳаммаслакони онҳоро танҳо сӯзандоруи хоҷагонашон, ки бо маблащ пур аст, нерӯ медиҳаду ин тоифаи палид наметавонанд андешаи солим кунанд. Гарчанде, ки тӯли солиёни зиёд мебинанд, ки аллакай неши заҳролуди онҳо ба аксарияти ҷомеаи инсонц таъсир надораду солимфикрон ба меҳнати созандаю ободкорц машщуланд, аз рафтори палидона даст намекашанд.
Суханҳои бофтаю ищвогарона, бадбӯю нопоки аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ниқобҳояшонро нав кардаанд дар айёмҳои пуртаҳлукаи ҳаёт амали пешазмаргц (конвулҳсия)-ро шабеҳ аст, ки онро организм худ идора карда наметавонад, вале нафари дигар аз идоракунии ин раванд бархурдори манфиат шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, эҳтимол меравад, ки организми хоину ватанфурӯш, ищвою бӯҳтономези ТТЭ ҲНИ-ро, ки фарсудагиву фасод печонидааст, танҳо сӯзандоруҳою панҷаҳои мустаҳками хоҷагони ифротиашон дар ҳаёт нигоҳ медорад. Лек, рӯзе мерасад, ки ин палидонро шири модар аз даҳон ояд, зеро нодида гирифтану поймол кардани муқаддасотро ҳатман ҷавобе ҳаст!
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент