Изҳорот: Маҳкумияти Кабирӣ: дуруғпарокании ТТЭ ҲНИ ва оқибатҳои нохушоянди он

Чанде қабл ба воситаи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ филми мустанади “Хиёнат”-ро ба намоиш гузоштанд, ки нақшаи пешакии аҷнабиёнро ҷиҳати ба оташ кашидани хоки Ватани мо ифшо мегардонад. Дар ин филми мустанад дар баробари ҷиноятҳои азимтарини ташкилоти террористии экстремистии ҲНИ инчунин мардумро ба муҳоҷират кашонидану ба хоки Афғонистон бурдани онҳо, фарзандони онҳоро ба доми фиреб андохтан, роҳандозии куштори бераҳмонаи зиёиёни маъруфи тоҷик ва амсоли ин ба таври амиқ нишон дода шуд.

Сипас, ин хоинони миллӣ баъд аз ба имзо расидани шарномаи сулҳи тоҷикон бо роҳи пинҳонӣ корро пеш бурда, барои тафриқаандозии сокинони кишвар нақши арзанда гузоштанд. Соли 2015 бо роҳбарии Кабирӣ-Кобра генерали хоин Назарзода барои табадуллоти давлатӣ камар баст ва Кабирӣ аз хориҷа дигар ба Ватан бар нагашта гуреза шуд. Чунки ҷиноятҳои кардаашро хуб медонист ва метарсид, ки ба Ватан ояд мисли саг дар пеши пойи мардум меафтад. Тайи чанд сол аст, ки ба воситаи интернет ҳамон ҷиноятҳоро идома дода истодааст.

Як гуруҳ донишмандони тоҷик бо муроҷиат бо Кабирӣ як номаи муфассалро ба сомонаҳои интернетӣ гузоштанд, ки чӣ ва кӣ буданиКабирӣ ва думравонашро нишон медиҳад. Онҳо аз ҷумла ба Кабирӣ ва аз симои он ба сагбачаҳои атрофаш ба таври холис гушзад кардаанд, ки “Наҳзатиёни фирорӣ ва фурсатталаб! Ба ёдатон меоварем, ки дар кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Аврупо, Осиё ва Амрико намояндагони миллатеро (немис, поляк, венгр, хитоӣ, арабу аҷамӣ) пайдо кардан душвор аст, ки мисли шумо дар масири ҳувиятбохтагию худситезӣ гом бардошта бошанд. Агар намояндагони милалу халқиятҳои пешрафтаи ҷаҳон дар фикри ба ҳам омадан ва муттафиқ шудан бошанд, шумо дар пайи шӯру нифоқ андохтан ва аз ин тариқ ноором ва бесубот кардани Ватан “иқдом” мекунед. Ҳарчанд ки аниқ медонед, ки дурӯғу риё ва фитнаю дасиса ба ҷое намебаранд ва миллатро ба мусибату бадбахтӣ мувоҷеҳ месозанд, алайҳи баҳамойӣ ва ҳувиятсозии миллӣ қад алам мекунед.

Чун вазифа ва “рисолататон” муздурӣ аст, бар зидди давлати миллӣ мешӯред ва дигаронро ҳам ба ин ҷараёни тавтеазо ва хатарбор даъват мекунед”. Бале чунин аст. Агар ба таърихи ин кишварҳо назар андозем ҳақиқати ҳамин гуфтаро пайдо менамоем. Ин хиёнаткорон,ки дилашонро Худованд муҳр зада чашмонашонро кӯр кардааст, ҳақиқатро на мебинанду на эҳсос мекунанд. Сар то по матни ин муроҷиатнома аз чунин фактҳои ҷолиб иборат мебошад. Мо аз ҳақиқати ин гуфтаҳо пуштибонӣ карда, дуруғпарокании хиёнаткоронаи Кабирӣ ва ғуломонашро маҳкум менамоем.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ

Ҷӯлиева Г.–дотсенти факултети биология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ