​Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Фарзанди фарзонаи миллат”

Таҳти ин унвон дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бахшида ба ёдбуди аллома Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.


Дар кори конференсия дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Шарифов Шавкат, дотсент Файзуллоев Муҳиддин ва Дадоҷонова Мунира иштирок доштанд.

Таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан буда, номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Дар бахши дуюми конференсия байни донишҷӯёни ихтисоси технология ва дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ озмун ташкил шуд. Озмун байни дастаҳои “Ворисони аллома” ва “Алломаи Машриқзамин” аз рӯйи панҷ шарт сурат гирифт.


Маврид ба таъкид аст, ки ҳадаф аз ташкили конференсияи мазкур гиромидошти аллома Бобоҷон Ғафуров ва арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзанди фарзонаи миллат маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ