Терроризм ва экстремизм - хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонҳамасола дар Паёми хеш доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд. Дар гуфтаҳои худ ғайд менамоянд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз «Рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё» мушоҳида кардан мумкин аст. Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад. Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, фаъолиятҳои худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи онҳо ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ системаи иҷтимоию сиёсии кишварро тағир медиҳанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд, талаб мекунад.
Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши сиёсӣ бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегардиданд. Яъне, терроризму экстремизм роҳҳову усулҳои зиёди густаришро ҳатто қариб дар ҳар хонадон пайдо кард. Ваъдаҳои дурӯғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд майнаҳои ҷавононро заҳролуд сохт. Ба ҷуз ин, онҳоро тавонистанд бовар бикунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои мақсаду ҳадафҳои бузург ва барқарории адолату ҳақиқат мебошад.
Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои Мухиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд мехост, ки ҷаҳон мувофиқи хости он шакл бигирад.
Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои Муҳиддин Кабирӣ бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди роҳбари Ҳизби наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурия, Араб, Ироқ шахрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд.
Ин гурӯҳ Мухиддин Кабири нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавакт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Хамаи намудҳои фаъолияти Ҳизби наҳзати Ислом ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин хизб дар худуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мо омӯзгорон, тарбиятдиҳандагон бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.
Cафар Наҷмиддинов