Бо ин бегонапарастиву маҳалгароӣ то куҷо?
Аслан ТЭТ ҲНИ аз замони таъсис ва пайдошавиаш ба фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷў, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шўхрат» пайдо намуд.
Дар ин муддати начандон тўлонӣ даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сўхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рў ба рў шуд.
Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Точикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегўем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромўш кардем.
Агар мо ба амалиёту рафторҳои ТЭТ ҲНИ нигарем, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чӣ овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўш намуда худро ба канор гирифта бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тўлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандўстию миллатпарастӣ таассубро талќин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.
Дар айни ҳол, бояд зикр кунем, ки ташаббускор ва сабабгори ин беэътимодӣ Тоҷикистон набуду нест. Яке аз меъёрҳои пазируфташуда дар муносибат миёни кишварҳо ҳусни тафоҳум ва ҳусни ният аст, ки мутаассифона, ҷониби Эрон онро дар симои муҳимтарин шарики минтақавии худ – Тоҷикистон зери по гузошт.
Мо, тоҷикистониён барои пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир иқдомҳое пешбинӣ шудааст, бо кўмаки мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд.
Раҳмоналӣ Ҳазратқулов