Сулҳу осоиштагӣ бояд мақсади асосӣ барои ояндаи дурахшони миллату давлат

Ҷаҳони муосир пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро, аз қабили радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмули ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитим (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию динӣ) - ро мушоҳида кардан мумкин аст. Радикализм дар шакли экстремизм зуҳур намуда, усули амалисозии он терроризм мебошад.

Терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тагйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Бесабаб нест, ки имрўз терроризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рў бояд ҳар фарди худшиносу худогоҳ барои пешрафту тараққиёти ҷомеаву кишвар кўшида, бо чунин падидаҳои номатлуб мубориза барад. Зеро қувваи идроки ҳар як мамлакат барои ҳал кардани ин ё он масъалаҳои муҳим дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ин пеш аз ҳама халқ мебошад. Барои ҳамин ҳам мо бояд аз як гиребон сар бароварда сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами миллатро дастгирӣ намоем, ҳувияти миллиро аз даст надиҳем, насли наврас, љавононро дар руҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия кунем. Чунки дўст доштани Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ба шумор меравад. Сулҳу осоиштагӣ бояд мақсади асосӣ барои ояндаи дурахшони миллату давлат бошад.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ