​Даври аввали озмуни “Донишҷӯи сол-2021”

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ даври аввали озмуни умумидонишгоҳии “Донишҷӯи сол – 2021” баргузор гардид. Ин ташаббус бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” роҳандозӣ гардида, мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки даври аввали озмуни мазкур дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.01.2021, №48 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 15-уми феврали соли 2021, таҳти №150 доир гардид.

“Озмун аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, навиштани диктант, муайян намудани дараҷаи донишҳои тахассусӣ ва сиёсӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ баргузор шуда, ҳайати ҳакамон дараҷаи дониш ва қобилияти донишҷӯёнро ҳамаҷониба санҷиданд” – иттилоъ дод мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев.

Дар назар аст, ки натиҷаҳои озмун рӯзҳои наздик эълон гардида, ғолибон дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо дипломҳо ва мукофотпулиҳо аз рӯи равияҳои фанҳои дақиқ ва гуминатарӣ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ