Адаб бо ҳамсоягонро нигоҳ медорем!

Мардуми тоҷик аз кадимулайём бо ҳамсоягон муносибати хубу дўстона дошт ва то ба ҳол ин хислати накўи хешро ҳифз намудааст. Ў бо халқиятҳои гирду атроф ба таври ниҳоят нозук ҳамчун хешу пайванд муносибат менамуд. Масалан, тоҷикон дар тўли таърих бо миллатҳои гуногун чун узбекону қирғизҳо, чиниҳову афғонҳо муомилаи сатҳи баланди инсониро нигоҳ доштааст. Агар ба таърих назар андозем ҳеҷ гоҳ тоҷикон ба сари ягон халқеву миллате яроқ набардоштаву бо силоҳе таҳдид нанамудаанд. Ба қавли шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир «Нокушта намекуштем».

Табиист, ки мардуми бофарҳанг ҳаргиз аз паи ҷангу хунрезӣ нашуда, роҳи мусолиматомезро пешаи худ қарор медиҳад ва ин як хислати асосии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Аммо новобаста ба ин, баъзе миллатҳо, алалхусус баъзе фарзандони нохалафи миллати ҳамсояи мо, фарзандони қирғизҳо бо риоя накардани маърифати инсондўстӣ байни ду халқи дўсту бародар оташи кинаву адоватро афрўхтанд.

Бо такя ба суханрониҳои Президенти кишвари мо Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае меоем, ки мавқеи Ҳукумати мо ҳамеша ва ҳама вақт ба сулҳу субот равона гардидааст ва ҳеҷ гоҳ бе ягон асос ба касе аз ҳамсоягон рафтори бадро раво намебинад. Ҷаноби Олӣ дар баромадҳояшон ҳамеша ёдрас менамоянд, ки маърифати волои инсонии худро нигоҳ дорем, аз пандҳои гузаштагони ниёгони хеш, яъне риояи адаб бо ҳамсоягонро бечуну чаро рияо намоем.

Ба ҳамин фикрҳо монанд суханҳои дирўз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қиргизистон низ садо додаро ба хотир меорем. Ў ҳам аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки бо бародарони тоҷик муносибати дўстонаро ба роҳ монда, тамоми масъалаҳои марзиро ҳал менамоем. Аз ин бармеояд, ки роҳбари кунунии кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ низоъро намехоҳад ва ҳарчи бештар барои сулҳу субот кўшиши хешро ба харҷ медиҳад.

Аз ин рў, метавон чунон рақамзанӣ кард, ки касе аз мо ҷангро роҳи мусбати масоили марзӣ намеҳисобанд ва кўшиш мекунанд, ки масъала печидаву пуршиддат ҷараён нагирад. Чи хеле ки дар боло зикраш рафт баъзе шахсоне ҳастанд, ки аз душмании ду халқи дўсту бародаристифода намуда, баъзе ниятҳои нопоки хешро амалӣ менамоянд. Бояд дар хотир дошт, ки ҷанг ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ намеорад ва бояд барои сулҳ мубориза бурд.

Мо низ омўзгорони факутети филологияи рус низ вазифадор ҳастем, ки донишҷўёнро дар рўҳияи хештаншиносиву ватандўстӣ, қадр намудани сулҳу ваҳдат дар минтақа тарбия намуда, ба онҳо боз як бори дигар аз одоби ҳамсоядорӣ огоҳ намоем.

Раҳмоналӣ Ҳазратқулов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ