​Ба таҳлилҳои бемаънӣ ниёз надорем!

Хабарҳои нохуши ҷангие, ки рӯзҳои охир фазои иттилоотиву сиёсии Осиёи Миёна ва ҳатто берун аз он – тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин ҳам бошад, Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Ин фурсатро “ғанимат” дониста, бархе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, бахусус наҳзатиҳои наҳс вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ, барои манфиату ва омодакунии маводҳои бардуруғини худ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеаи тоҷикро ба таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

Аслан худ ба фаъолияти наҳзатиён назар афканем, ҷуз дурӯғу буҳтон амалеро ба худ раво намебинанд! Яъне худ дар мамолики хориҷ иқомат доранду ончунон аз “набзи дил”-и бошандагони кишвар огоҳ ҳастанд, ки кас ҳайрон мешавад, ба гуфте “ватандору мардумогоҳ”! Вале агар кас амиқтару дақиқтар назар афканад, амали ин нохалафон ягона асту танҳо ба гумроҳкуниву мардумфиребӣ меораду халос!

Мардуми тоҷик ба хубӣ огоҳ аст, ки аз ҷониби Ҳаракати Толибон халқи кишвар ҳеҷ гуна таҳдиду хатареро эҳсос намекунад. Кайҳо исбот шудааст, ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкилии давлату миллати ҳамсоя, бахусус тоҷикон нест ва Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба масоили баҳсии худро расидагӣ хоҳад кард. Албатта давлати ҳамсоя, ки нотинҷ шуд, ҳамсояҳои он давлат эҳтиёткорӣ бояд кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Мо кайҳо давлати кӯчаки аз ҷанг берун гашта нестем!, мо як давлате ҳастем, ки чун ҷавонмарди асил устуворона қадам мениҳем ва дар байни давлатҳои тараққӣ карда, мавқеи худро дорем! Дуруст аст, ки неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд.

Бар он хоиноне, ки ҳар чи қадар мехоҳанд, мардумро ба тарсу воҳимаву таҳаллука андохтанианд, гуфтанием: ором бошед, аз пайи ризқу рӯзии худ гардед, бар халқи кишвари осоишта кордор нагардед! Халқ чашм дар сар дораду ҳар як вазъиятро ба хубӣ дарк карда метавонад! Мо ниёз ба таҳлилҳои бемаъниву бесари шумо надорем! Худо накарду аҷнабие, вуруди кишвар шуду бесару сомонӣ овард, магар шумо барои ҳифзи ватан мехезеду меоед? Аминем, ҲАРГИЗ! Пас забонатонро бибандеду осуда зиндагӣ кунед......

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ