Муҳоҷирони меҳнатиро ба доми худ накашед!
Аслан муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири паёмадҳои мусбату манфии он ба оила аз муњимтарин масъалањои замони муосир ба шумор меравад. Муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ, бешубҳа, ҳамчун мушкилот дар радифи муаммоњои умумибашарї, аз қабили равандҳои ҷаҳонии молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ ва ғайра қарор дошта, мақом ва нуфузи хоса пайдо намуда истодааст.
Тањлилњо нишонгари онанд, ки солҳои охир сафи муњољирони мењнатї рӯ ба афзоиш нињода истодааст. Чунончї, имрӯз дар ҷаҳон 258 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият мекунанд ва тибқи ҳисоби СММ аз соли 2000 то имрӯз шумораи онҳо 49% афзудааст. Дар ҳоле, ки нишондиҳандаи афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон дар ин муддат 23%-ро ташкил додааст. Тибќи пешбинињои Созмони љањонии мењнат то соли 2050 шумораи муњољирони мењнатї дар љањон ба 450 млн. нафар мерасад. Дар соли 2017 нисфи муҳоҷирони меҳнатии ҷаҳон (51%) танҳо дар даҳ давлати дунё кору фаъолият доштанд. Шумораи аз ҳама зиёди онҳо дар ИМА 49.8 млн нафарро (19%-и муҳоҷирони меҳнатии дунё) ташкил дод. Дар Арабистони Саудӣ ва Олмон 12.2 млн, дар Федератсияи Русия 11.7 млн., дар Британияи Кабир наздик ба 8.8 млн. ва дар Аморати Мутаҳидаи Араб 8.3 млн. муҳочирони меҳнатӣ кору фаъолият намудаанд.
Аз ин нукта бармеояд, ки афзоиши сафи муњољирони мењнатї танњо хоси Тољикистон набуда, балки муаммои аксарияти мамлакатњои дунё ба шумор меравад.
Аммо нуктаи муҳим ин ҷост, ки солҳои охир гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, хоса, ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет бештар шаҳрвандон ва махсусан, муҳоҷирони меҳнатиро ба доми худ мекашанд, бештар ба назар мерасад. Аммо нуқси ин гурӯҳҳоро метавон ба якчанд қисмат ҷудо намуд:
Якум: Муаммои муҳоҷирати меҳнатӣ ин танҳо хоси Тоҷикистон аст балки дар аксари кишварҳои хориҷӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Аммо ТЭТ ҲНИ бо истифода аз гӯё муаммои замони муосир будани муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангомаҳо сохта, онҳоро ба худ моил сохта истодаанд. Дар назар дошт, ки пайвастани шаҳрванд ба ин гурӯҳҳо ҷиноят маҳсуб меёбад ва аз ҷониби дигар ягон муаммои муҳоҷиронро онҳо ҳаллу фасл карда наметавонанд. Барои баррасии ин масоил давлату ҳукумат ба ҳамешагӣ тадбирҳои амалӣ меандешад...
Дуюм: Аз муҳоҷирон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба саҳифаҳои Паймони миллии Тоҷикистон, “Ахборком”, “Бомдодком”, “Кимиёи саодат” ва ба ҳамин монанд саҳифаҳо ворид нашаванд ва ба ин гуруӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайваст нашаванд. Зеро онҳо хиёнаткорон ва ҷинояткорони Ватани мо ҳастанд, ки бо бадномкунии давлат Шуморо дар як муддати кӯтоҳ фирефта месозанд. Ғами муҳоҷиронро танҳо давлату ҳукумат мехӯрад ва ҳатто кӯшиш намуда истодааст, ки марҳала ба марҳала ҷойи кориро таъсис ва шароити мусоидро ба шаҳрвандон фароҳам созад. Аммо бо воридшавӣ ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон ва шаҳрвандони мо ҳаёти худро хира насозанд.
Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ