Изҳорот: Кабирӣ ТТЭҲНИ-ро ба як манбаи тахрибкоронаи иттилоотӣ табдил медиҳад
Аксари донишмандони тоҷик бар он ақида ҳастанд, ки ТТЭҲНИ ақидаи мардумсолорӣ надорад. Он бо роҳи ҷангу пархош махоҳад як ҷомеаи маданиро ба хурофоту аҳкоми сохтаи динӣ табдил диҳад. Ин матлаб ахиран аз як муроҷиатномаи як даста донишмандони тоҷик ба таври алоҳида қайд гардидааст. Мо боварии комил дорем, ки мардуми тоҷик аз ҷомеаи демократӣ, ки аксари кишварҳои исломӣ ба он ниёзманд ҳастанд, пуштибонӣ менамоянд ва Кабирии лаъинро дар маҳдудаи фаъолиятҳои иғвобарангезаш дар назди хоҷагони манфиатҷӯяш қарор хоҳанд дод. Мо ба ин боварии комил дорем.
Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос ҳатто мухолифини давлат дар канори ҳам меоянд ва алайҳи душман муқовимат мекунанд. Олимони забардасти мо бо истифода аз таърихи кӯҳан чунин иброз доштаанд: “Агар аз таърихи миллию ватанӣ баҳра бурда бошед, хуб дар ёд доред, ки тайи таърихи тӯлонӣ сулолаҳои зиёди туркию муғулӣ бо шумули Қарахониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён (Ҷониён) ва Манғитиён ҳаргиз намехостанд, ки тоҷик давлатдор бошад ва ҷиҳати маҳор кардани қудрату неруи давлатмадории ин миллати ҷафокаш аз тамоми имконот истифода карданд”.
Мутаассифонаи ин факти таърихист ва дуруст аст, ки тоҷиконро дар як давраи калони таърих маҳв карданӣ шуда, аз давлату давлатдорӣ ҷудо сохтанд ва ёдоварии чунин нуктаҳо ба Кабирӣ ба гӯши хар азон хондан аст. Кабирӣ ба моҳияти чунин афкори таърихӣ сарфаҳм намеравад. Он саргарми ҳизби террористии хонаводагиаш аст, ки аз хориҷа аз пушти он нон мехӯрад ва дигар роҳ надорад.
Худаш нағз медонад, ки кори анҷомдодаистодаи ӯ хиёнат аст. Хиёнат ба миллат, ба давлат ва зодгоҳу диёри падарӣ маҳсуб мешавад. Аммо чӣ илоҷ, ки дасти ӯ кутаҳ аст. Кор аз кор гузаштааст. Дигар бо рӯйи сиёҳаш наметавонад дар назди мардум булфузулӣ намояд. Аз ин ҷиҳат, пули бедардумиёни хоҷагонашро аз ҳама чиз муқаддаст медонад. Зеро ӯ маҳкумшудааст.Халқ, миллат, давлат ва хешовандони ӯ вайро нафрин мехонанд ва мо низ аз корҳои ӯ шарм медорем.
Олов С.–дотсенти факултети санъати тасвирӣ ва технология Домуллоева З.–дотсенти факултети биология ва химия