​Изҳорот: Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб, на бо гапи нағз

Ман ҳамчун омӯзгори кишвари азизамо Тоҷикистон матни муроҷиатномаи рӯшанфикрони тоҷикро мутолиа карда, ба хулосае омадам, ки устодони илм аз рӯйи хайрхоҳӣ ба якдаста хиёнаткорони хориҷӣ тавсиаҳои муфид додаанд. Ин нафарон, ки умри хушро барои баланд бардоштани номи тоҷик ва муаррифӣ кардани дастовардҳои илмии мамлакат сарф кардаанд, барои миллату давлат дилашон месӯзад. Аммо чанд нафар бесаводони мамлакат, ки бо пули муфт хоки Ватанро фуруӯхтанд кишвар, миллат, мазҳаб, ислом, ягонагӣ, истиқлолият ва ғ... ягон арзиш надоранд.

Ин олимон дар оғоз ба таври маслиҳат чунин таъкид кардаанд: “Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос ҳатто мухолифини давлат дар канори ҳам меоянд ва алайҳи душман муқовимат мекунанд. Аммо дар саҳифаҳои торики таърихи муосири тоҷик ба ном мухолифоне (ҳизби экстремистию террористии наҳзати исломӣ ва доираҳои ба он наздик дар назар аст) сабт хоҳанд шуд, ки дар вазъияти мушкили равонию беҳдоштӣ, ки халқи тоҷикро нигарон кардааст, канори давлату миллат наистода, баръакс, шӯру ҳангома меандозанд ва аз ин кори хеш лаззат ҳам мебаранд”. Ин ҳарфҳо воқеан дуруст мебошанд. Ватанфурӯшӣ ҷойи ифтихор нест.

Устодон ба дурустӣ қайд кардаанд, ки ягон Аврупоӣ ҳатто сокинони мамлакате, ки ба онҳо иҷозаи истиқоматдодааст, кори ин хиёнаткоронро дар саросари ҷаҳон такрор накардааст. Мамлакати худро зери санги маломат дар назди кишварҳои олам нагузоштааст. Илло чанд нафараки навкиссаи тоҷик. Муаллифони матни муроҷиатнома як иҷтибос аз мақолаи “Тоҷик ва тоҷикият...” овардаанд, ки барои таъкидан гӯшзад кардани он барои хиёнаткорони Ватан меоварам, ки чунин аст: “Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд.

Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронӣ ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд. Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суистифода кардан мехоҳанд”.

Вақте ҳуққабозиҳоихиёнатпешагонро мебинем, дарвоқеъ ангушти ҳайрат мегазем, ки ин амалҳои хиёнаткророна то кай давом хоҳад кард.

Ман дар баробари муаоллифони муроҷиатномаи мазкур истода ин хиёнаткоронро маҳкум менамоям ва ба ҷомеаи шаҳрвандии ҷаҳонӣ муроҷиат мекунам, ки ба дурӯғпарокании муддаиёни ҷоҳталаб гуш дар надиҳанд, зеро он доми фиреб аст.

Мирзобаҳодурова Шаҳноза–декани факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ