Изҳорот: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд!
Қариб 30 сол аст, кидавлати Тоҷикистон пояҳои нахустини худро ба ободивуосоиштагӣ ва сулҳу субот гузошту бо сарварии марди далеру шуҷоъ ва ватанпарвару ватандўст Пешвои муаззам – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон қомати худро рост кард ва бо саъю талошҳои ин марди наҷиб дар арсаи ҷаҳон шинохта гашт. Бо сарварии ин шахси худодод Тоҷикистон обод гашту халқи меҳнатдўсташ дар пайи зиндагии ором.
Чи хеле ки гуфтаанд: «Чашми бадбин кўр аст». Таърих гувоҳ аст, ки мулке, ки обод асту шоҳи одил дорад, аз чашми бадхоҳону бадкинагон дур намемонад. Имрўзҳо низ чунин аст, ки бо дасисаву фиреби «шайтонсифатон»-и бадбин, мутаассифона баъзе нафароне ҳастанд, ки гўшу ақли хешро дар дасти шахси дигар гузоштаанд.
Филми «Хиёнат» боз як бори дигар собит сохт, ки он сенарияи муноқишаҳо, ки дар ватани азиз амалӣ гардид, маҳсули фикру ниятҳои муғризонаи коргардонҳои хориҷӣ аст. Коргардони ҷанги таҳмилии бародаркуши Тоҷикистон – кишварҳои абарқудрати минтақа буданд. Собиқ наҳзатиён аз мад ади хоҷагони хориҷӣ истифода карда, бо силоҳ таъмин гаштанд. Ба номи ислом ҷиҳод гуфта, даст ба таҷовузи ҳаммиллатони худ заданд. Чӣ гуна ҷиҳод будааст он ки мусалмон мусалмонро ба қатл мерасонад. Он замон муллоҳои иртиҷоӣ ва ё худ фурўхташуда чунин фатво ҳам содир карда буданд, ки коммунистон кофиранд, куштани онҳо равост. Баъд ҳамин муллоҳои ҷоҳил байни мардум фитна андохта боз маҳалгароиро сар карданд. Дар пойтахти кишвар намояндагони вилояти Суғд, кўлобиҳо ва амсоли инҳо ба таъқиб дучор гашта, бо гуноҳи инҷоӣ ё онҷоӣ буданаш кушта мешуд. Бадиҳои Муҳиддин Кабирӣ рўз аз рўз зиёдтар гашта истодааст, хиёнатҳояш ошкор мегардад, мардум рўз аз рўз ба ў нафрат мекунанд. Мерасад рўзе, ки ба ҳама бадиҳояш худаш гирифтор мегардад.
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд!
Бобоева Б.-сармуаллима