​ДДХ: ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Чин таҳким меёбад

Дар факултети забонҳои шарқ бо намояндагони Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон мулоқот доир гардид. Дар ин мулоқот директори донишкада Валиева Мастурахон, ҷонишини директорМенг Сянкай, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Рухсора, декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Исломҷон ва дигар устодон иштирок намуданд.

Дар доираи ин вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо баррасӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки муаллима Янг Дексия мувофиқи шартнома ба Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба кор қабул карда шуда, ҳамчун омӯзгори забони чинӣ ба кафедраи забонҳои форсӣ ва хитой давоми 1 сол дарс хоҳад гуфт.

Ҳамзамон, барои як қатор устодони факултети забонҳои шарқ: профессор Низомиддин Муродӣ, дотсент Қосимова Марҳабо, дотсент Давлатзода Рухсора, дотсентРаҳимов Исломҷон ва дотсент Шарипова Мӯътабар шартномаи ҳамкории 5-сола бо Донишгоҳи Нафту Гази шаҳри Чиндао, ки моҳи июни 2020 тасдиқ шудааст, супорида шуд. Ҳамакнун устодони болозикр ҳуқуқ доранд, ки барои магистрантону докторантҳои Донишгоҳи Нафту Гази шаҳри Чиндао дар муддати 5 сол таълим диҳанд.

Гузашта аз ин, дар асоси ин шартнома магистрантони ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ (хитойӣ-англисӣ) метавонанд як соли таҳсили худро дар Донишгоҳи Нафту Гази шаҳри Чиндао давом дода, дорои дипломи ҳарду донишгоҳ гарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ