Бо дасисабозиву иғвоангезӣ кас ба ҳадаф нарасад!

Яке аз масъалаҳое, ки ҳоло башариятро ба ташвиш овардааст, ифротгароӣ ва зуҳуроти номатлуби он аст. Дар маҷмӯъ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳоест, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо қатъиян рад мекунад. Ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо дар ҳама расонаҳо зиёд паҳн шуда, тавассути наворҳо диққати миллионҳо сокинони сайёраро ба худ ҷалб менамояд.

Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дарк намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, бо ҷалби рӯҳониёни ифротӣ, наҳзатиҳои фурӯхташуда ва зери назари дигарон нишасту вохӯриҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин нишастҳоро ташкил намуда, мекӯшад гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунад. Вале намедонад, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ огоҳанд. Бар замми ин, роҳбари ҳизб тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, дар бораи ифротӣ будани пайравонаш ҳарфе намегӯяд. Далел ҳамин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ бо думболагириҳои ифротияш давлату миллати тоҷик – сарзаминеро, ки дар он таваллуд шудаву ба воя расидааст, зери тозиёнаи танқид қарор дода, барои Ватан хиёнат намудааст.

Маълум нест, ТТЭ ҲНИ то ин дам чӣ кореро ба нафъи халқ ба сомон расонида, ки ақидаҳои интиқодиро нисбат ба давлату миллати тоҷик пеш меорад. Ва боз хостори идомаи он ҳаст, вале мо аз аъмоли хиёнаткорона ва душманонаи онҳо бохабар ҳастем.

ТТЭ ҲНИ ва роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ бо найрангу монипулятсияи сиёсӣ талош бар он дорад, ки аксар одамон, махсусан ҷавононро гумроҳ сохта, ба худ ҷалб намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муғризонаи хеш аз нерӯи онҳо истифода намояд.

Роҳбари созмони бесомони ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо дасисаҳои такрорӣ дар миёни балоҳо монда, чӣ кор кардан ва аз ин варта чӣ гуна халос ёфтан, қиссаву ривоёти худро ба кӣ гуфтан, аз ин балову дарди ҷонгудоз – беватанӣ чӣ тарз халос шудан ва аз кӣ мадад ҷустанро намедонад. Акнун Кабириро дар ин вартаи ҳалокат ҳеҷ паноҳе ва ҳеҷ дастгире нест, ба ҷуз “хоҷагони хориҷӣ”-аш.

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ