​Дили одаткарда - балои ҷон

Ҳар замоне оид ба хоинӣ ва сабабҳои хиёнати Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш андеша мекунам, пеш аз ҳама, боз ҳам ҳамин байти маъмули

Неши каждум на аз раҳи кин аст,

Балки муқтазои табиаташ ҳамин аст.

- ба хотир меояд. Барои ҳамин ба суоли он ки чаро Кабирӣ ба Ватан ва халқи худ хиёнат мекунад, посух нест. Зеро табиати ӯ низ ҳамин аст: хиёнат кардан. Зеро вуҷуду замири вай аз нотавонбинӣ месӯзад. Ӯ чашми дидани пешрафти Тоҷикистон ва рушди мардуми тоҷик надорад. Хиёнат кардан дини вай шудааст. Ӯ бе хиёнат зиста наметавонад. Ба қавле, дили одаткарда – балои ҷон. Яъне, Кабирӣ низ ба хиёнат кардан одат кардааст. Ва ин одатро тарк кардан барояш дигар амри муҳол мебошад.

Сиришту вуҷудаш аз хиёнат сохта шудааст.

Миёни халқ як мақоле маъмул аст. Мегӯянд, ки давидани гӯсола то каҳдон. Ба ин маънӣ, он рӯз дур нест, ки Кабирӣ низ барои хиёнатҳои кардааш дар назди халқ ҷавоб гӯяд. Он рӯз дур нест, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш барои аъмоли зишту пасташон посух хоҳанд дод. Он рӯз дур нест, ки нону намаки ин миллату меҳан чашмони ин хоинонро кӯр хоҳад кард. Он рӯз дур нест, ки дастоне, ки барои зарари Ватан дароз шуданд, шикаста хоҳад шуд...

Мардуми тоҷик аз қадим халқи сулҳпарвару ваҳдатшиор аст ва дар зиндагӣ ҳамеша ба осоишу оромиш арҷ мегузорад. Агар ба таърихи давлатдории ниёконамон назар афканем, туфайли хиради волои вай садҳо низову моҷаро бо роҳи мусолиҳаву муросо ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардидаанд. Таҳаммулпазирӣ ва сабру фурӯтании миллати тоҷик, ки дар хуни тоҷик ҷорист,бурди азалии ӯст ва ҳамин хусусият мудом ба саодату хушрӯзиҳои халқ боис шудааст.

Дар тамоми мавҷудияташ миллати тоҷик танҳо аз рӯи ору номусу ғурур ва баҳри пойдории миллату давлат сина сипар намуда, зидди душманону хоинон ҷавонмардӣ, ҷасорату шуҷоат зоҳир кардааст.

Аз ин рӯ, Кабирӣ ва дигар нотавонбинони миллат дер ё зуд ба ҷинояту кирдори муғризонаашон ҷавоб хоҳанд дод.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ