Ваҳшигарӣ дар хунашон ҳаст…
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабари аз ҷониби қирғизҳо латукўб шудани кўдакон дар ҳудуди деҳаи Ворухро хонда хеле дилтанг шудам. Охир, наход одам то ҳамин дараҷа ваҳшӣ ва хуношом бошад, ки ба кўдак ҳам раҳм накунад ва баҳона ба латукўб кардани кўдакон гузаштан аз сарҳад будааст! Аҷобо! Аз сарҳаде, ки то кунун маълум нагаштааст ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар сари андеша будам, ки чаро ҳамсояи мо нисбати тоҷикон, нисбати мардуме, ки барояш ҳаққи устодӣ дорад, чунин кирдори зиштро раво медорад? Охир, кўдак чиро медонад? Наход кўдакро ҳам ба таври ваҳшиёна латукўб кунанд?
Китоби «Ҳудуд-ул-олам»-ро ба даст гирифтам, ки аз куҳантарин осори ҷуғрофии гузаштагони мо буда, дар асри даҳуми мелодӣ таълиф гаштааст. Маълумоти ин асар барои ман чанд масъаларо равшан кард. Муаллифи ин китоб дар бораи хирхизҳо – яъне гузаштагони қирғизони кунунӣ маълумот медиҳад ва чунин менависад: «Ва малики эшонро «Хирхизхоқон» хонанд. Ва ин мардумон андаке табъи дадгон доранд ва дуруштсуратанд ва каммўй ва бедодкор ва камраҳмат ва мубориз ва ҷангкун».
Дар ин порча муаллиф мегўяд, ки қирғизон табъи дадон – ҷонварони ваҳширо доранд ва боз менависад, ки бедодкор – яъне золим ва камраҳмат – бераҳм ва муборизу ҷангкунанда. Кас ҳайрон мегардад, ки ҳазор сол пеш ме мардум ҳамин тавр будаанд ва имрўз ҳам аз ин хислатҳо чизеро кам накардаанд.
Масъалаи ҷангу ҷидол карданашон бо ҳамсоягон ҳам аз қадим будааст, ки муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» навиштааст: «Ва эшонро бо ҳама қавме, ки аз гирдогирди эшон аст, ҷанг аст ва душманист». Инро ҳам мебинам ва боз мегўям, ки ин қавм аз қадим бо ҳамсоягонашон душманӣ доштаанд ва кори имрўзаашон падидаи нав набудааст.
Тарзи ҳаёт ва зиндагии қирғизонро муаллифи китоб чунин тасвир кардааст: «Ва хостаи эшон аз ҷиҳозҳои Хирхиз аст ва гўспанд ва гов ва асб. Ва мегарданд бар об ва гиё ва ҳаво ва марғзор. Ва эшон оташро бузург доранд ва мурдаро бисўзанд. Ва худовандони хайма ва хиргоҳанд ва шикоркунанда ва нахчир зананд». Яъне қирғизон ба гирди обҳо ва чарогоҳҳо мегарданд, чорвои худашонро парвариш мекунанд.
Доир ба бадбинӣ ва душмании хирхизҳо нисбати дигар қавмҳо дар боло гуфтем, аммо ба гуфти «Ҳудуд-ул-олам» дар байни қирғизҳо қавми Фурӣ будааст, ки бо худи қирғизҳо ҳам созгор набудааст: «Эшон бо дигар хирхизиён наёмезанд ва мардумхоранд ва бераҳм. Ва зуфони эшон дигар хирхизиён надонанд ва чун ваҳшианд».
Қавми Касими қирғизро ҳам дар ин китоб навиштааст: «Касим номи қавме аст аз хирхиз, ба барокўҳ нишастаанд бо хиргоҳҳо. Ва сайди мўй ва мушк ва хуту ва он-ч бад-ин монад, кунанд. Ва қавме дигаранд аз хирхиз. Сухани эшон ба халлух наздиктар аст ва либосашон чун либоси кимок аст. Ва ҳеч навъро аз хирхиз деҳҳо ва шаҳрҳо нест, албатта, ва ҳама хиргоҳҳост, илло он ҷо, ки нишасти хоқон аст».
Дар ин порча маълум мешавад, ки қирғизҳо ҳаргиз соҳиби деҳа ва шаҳрҳо набудаанд. Маълум аст, ки мардуми ваҳшисират будаанд.
Инро бинед, ки дар бадали 1000-сол хислати ваҳшигӣ, ҳамсоябадбинии ин қавм аз байн нарафтааст. Ҳодисаҳои наздисарҳадии Ворух, Овчи Қалъача ва амсоли инҳо гувоҳ аст, ки ҳамсояҳои мо хислати ваҳшигарияшонро аз байн набурдаанд.
Ин мардум ҳатто бо ҳамдигар соз намегиранд, ки ҳазор сол пеш ҳам чунин будааст ва кунун низ ҳамин тавр аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Воруху Чоркуҳ даъват ба амал оварданд, ки бо ҳамсоягон дар сулҳу субот зиндагӣ кунанд.
Гумони ғолиби мо ин аст, ки дур нест он рўзҳо, ки хати сарҳад муайян мегардад ва баҳсҳои наздисарҳадӣ ҳам ба охир мерасад. Аммо он гаҳ ваҳшигарӣ ва ҳайвонтабиатӣ, ки ҳамсояҳои мо зоҳир мекунанд, чӣ мешавад, касе намедонад?!
Пайрав Сулаймонзода – устоди донишгоҳ