Бозичаи шумо нестем!!!
Мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон шикастнопазиру ваҳдатофар буду ҳеҷ вақт мулки худро ба касе надодаву ҳамеша дар пайи сулҳоварӣ буду баҳри ободии ватан кӯшиш менамуд. Ин далелҳоро санадҳои дар авроқи таърих овардаи таърихнигорони муҳташами мо борҳо исбот намудаанд. Воқеоти мудҳишу хунини анҷоми садаи гузашта то ҳол дар дили халқ тарсро ҷой додаву мардум ҳамакнун тӯли анқариб сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ нафаси озоду осуда кашида истодаанд. Сарзамини гулзамини тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хосае роҳ сӯи музафаррияту комгорӣ пеш гирифтааст. Ин ҳама пешрафту ободиро халқи азизи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари оқили худ медонанду шукронаи ҳастии Пешвои худ мекунанд!
Дирӯз дар шабакаи иҷтимоӣ муроҷиати як афғонеро тамошо намудем, ки ба хуби иброз медорад, ки “...Мо барои сохтани як Ҳукумате, ки дар он ба мисли Шумо Раисҷумҳур дошта бошем, ҷонфишонӣ мекунем! Мардуми Афғонистон мутаассифона намедонад, ки як раисҷумҳур чи нақше дар як мамлакат бозӣ кунад!”. Нафаре, ки бар ин гулзамин меҳмон аст, ободии ин маконро дидаву ҳаловат бурда, шукронаи будани Сарвари ваҳдатсарои тоҷикро дораду ба нохалафоне (аъзоёни ҳизби наҳзатро дар назар дорад) ба таври умум муроҷиат намуда истодааст, ки бинед, имрӯз шумо бо фаъолияти ин Ҳукумат норизоед, вале ин ҳама ободиро ана ҳамин Ҳукумат бо Сарварии Садри муаззами миллат ба ҷо овардааст.
Ҳамчун шаҳрванд ва меҳнапараст бонг бар сари наҳзатиёни наҳс мезанам, ки ай нобакорон, худ, ки гуреза ҳастед, ободии Ватанро дида натавониста, мардумро бар гумроҳӣ набаред! Мардум худ медонанд, сафедро аз сиёҳ ҷудо намуда метавонанд, он ноогоҳи солҳои наваддуми асри гузашта нестем, ки бар доираи шумо рақс кунем!!!! Метавонед, худатон дар зери навои фармонфароёнаи хоҷагони худ бирақсед! Мо кунун бозичаи дасти шумо нестем, ки бо маводу маълумоту манбаъҳои бардурӯғи худ моро ба гумроҳӣ баред! Ҳамагон ба хубӣ огоҳанд, ки дар сомонаҳои бардурӯғи худ ба мисли Паёму Ислоҳ танҳо маводҳои фаҳшу дурӯғи барнокашидаро ҷой медиҳед, гӯиё аз касе занг шудаву гӯиё дӯстоне ба онҳо муроҷиат карда бошанд... М.Кабирӣ ин ҳама тарҳи бозиҳои кашидаи шумо амсилаи куҳнашудае аст, ки халқи гумроҳ аз паси шумо ба кадом азият бирасид... Бас аст!!!! Ором шаведу хизмати хоҷагони худро бефармонфароӣ дар ҳамон макони худашон иҷро кардан гиред.
Ин ҷо, мо озодем, мо ободем ва моро ана ҳамин ободӣ, ана ҳамин осоиштагӣ мефорад! Мо шукронаи ана ҳамин сарзамин дорем!
Шарифзода М.