Мардуми ифротгаро - зидди давлату ҳукумат

Дар такя ба муроҷиатномаи рӯшанфикрони тоҷик ҳаминро ҷайд карданӣ ҳастам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сад афсӯс нафароне вомехӯранд, ки бо панду андарзҳои ноҷои худ мардуми осоиштаро ба таҳлуқа андохта, фикру ақидаи онҳоро ба корҳои зишт мубаддал месозанд. Онҳо зидди ҳокимияту давлат ва пешрафту тараққиёт ҳастанд ва намехоҳанд, ки давлату миллат дастаҷамъона ба пешравиҳои зиёде ноил гарданд. Яке аз чунин нафарони тундрав Муҳиддин Кабирӣ буда, имрӯз тарки ватан намудааст. Ин гуна нафарон зидди конститутсия буда дар талоши он ҳастанд, қонунҳоисохтаи худро қонуни асосии омма гардонанд. Чи фикру ақидаи ғаразноке дар сар парварида истодаанд.

Ин шахсиятҳо бештар ҷавонони миллатро зидди давлату ҳукумат мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки бо роҳи интиҳобкардаи онҳо роҳ раванд. Сад афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони мо фаҳмиши кунд доранд ва ба ҷои оне, ки баҳри ободоии давлату миллати худ саҳми худро гузорад, ин ҳама заҳмату талошиЊукумати мамлакатро бо ҳар гуна корҳои ғаразноки худ барбод медиҳанд ва нодида мегиранд. Чи гуна як тоҷике, ки дар ҳамин меҳан ба дунё омадаасту аз ҳамин ватан нону об мехурад ва бо забони миллати худ «ман аз Тоҷикистон» мегӯяд имрӯз ношукриро пеша мекунаду зидди давлату миллати хеш мебарояд. Чи хеле, ки дар урфият мегӯянд: «Намакро хӯрда дар намакдон туф мекунад». Ин ҳама кирдору рафтори номахлуқи нафарони зидди давлату ҳукуматнабахшиданӣ буда, ҷазоисахти қонуниро талаб мекунад.

Кулли мардуми Тоҷикистонро мебояд, ки дар зери сиёсати пешгирифтаи Њукумати мамлакат амал кунанд ва баҳри ободиву пешрафти давлати худ саҳми арзандаи худро гузоранд ва ҳамеша дар бари сарвари мамлакат бошанд.

Ғаниева М.А. – сармуаллимаи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ