Изҳорот: Алам аз фироқи Ватан
Мо, аҳли ҷомеаи факултети Санъати тасвирӣ ва технологияи МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар қатори кулли мардуми шарифи Тоҷикистон Кабирӣ ва суханҳои иғвоангезонаи ӯро маҳкум сохта, муроҷиатномаро дастгирӣ менамоем. Бо сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистони навинро бунёд карда истодаем ва дар оянда низ тибқи дастури муайянгардида барои рушди Ватани азизамон хидмат хоҳем кард.
Ҳукумати мамлакат ба терроризм чунин муносибат дорад: “Терроризм ва экстремизм, ки аз як ҷониб, чун вабои аср хатари ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдиде бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”
Тавре аз расонаҳои хабарӣ маълум мегардад, Кабирӣ ва пайравони ӯ дар хориҷа молу амвол, ширкатҳои калони фоидаҳои калон ба дастоваранда доранд, аз ҳеҷ чиз танқисӣ надоранд, аммо чизе онҳоро ором намегузорад, ин ҳам бошад дар як кунҷи дил фироқи ватан доштани онҳо ҳис карда мешавад. Зеро давлату сарват доранд, аммо Ватан надоранд. Ин алам иғвогаронро шабу рӯз ором гузоштан намемонад ва бо ҳар баҳона мехоҳанд тинҷию оромии мардуми тоҷикро халалдор созанд. Аммо, Ватан хиёнаткоронро намебахшад ва ба худ дубора ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳад кард.
Пас бояд мо – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушёру бедор бошем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар бар зидди терроризм ва ифротгароӣ садо баланд намудан аст. Вазифаи устодон ва падару модарон бошад, шогирдон ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан, ба онҳо фаҳмондани кору манзалати ҳаёти осоиштаи кишвари азизамон-Тоҷикистон мебошад.
Пешгирӣ ва ҳифзи шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба дастаҳои ифротгаро ин баланд бардоштани сатҳи маърифатии шаҳрвандон, пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳифзу ҳаракатҳои ифротӣ, аз шабакаҳои интернетӣ сӯистифода намудани таблиғотчиёни ин ҳаракат,огоҳ намудани насли наврас мебошад.
Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки сатҳи зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ дорад, мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем. Нагузорем, ки бадхоҳону бадтинатон пайи фитнаву халалдорсозии ҷомеаи сиҳибистиқлоли мо бо мақсади сиёҳкорӣ даст ба амалҳои ноҷавонмардонаи худ зананд. Бикӯшем то Тоҷикистони ободу зеборо ба наслҳои баъдӣ гузорем.
Дадобоева М.Н.–дотсенти факултети санъати тасвирӣ ва технология