​Паём раҳмнами мо ба сӯйи музаффариятҳост!

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 – уми январи соли 2021) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек ва созанда ба ҳисоб меравад. Паёми мазкур вусъати дучанди корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, дастгирӣ ва ғамхорӣ ба мардуми камбизоат, бачагони ятиму бепарастор, маъюб, ҷанбаҳои муҳими ҳаёти сиёсати дурбинонаи дохилӣ ва берунаи кишварро дар бар гирифта, таҳлили амиқи дар он омода роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи созандаи кишвар муайян намуд.

Пешвои миллат пеш аз ҳама доир ба рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмондар давраи ҳисоботӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон қайд карда, соли 2020 – ро соли таърихӣ номиданд. Яъне, ҳодисаҳои соли 2020 ин пеш аз ҳамаинтихоботи вакилонаи халқ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб меравад.

Дигар ҳодисаи таърихӣ дар соли 2020 ин маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тавре, ки дар Паём зикр гардид як қадамиустувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба пешрафти мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар Паём қайд гардид, ки вобаста ба рушди хоҷагии халқ ва таъмин будан бо захираҳо барои 2 соли охир мардуми Тоҷикистон бояд захира намоянд.

Дар самти рушди минбаъдаи иқтисодӣ Пешвои миллат сафарбар кардани захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамонро қайд намуда, амалӣ ва муҳайё гардидани заминаҳои мусоид ва стратегияву барномаҳои давлатиро ёдрас шуданд.

Дар Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки соли 2020 дар тамоми ҷаҳон соли вазнин ба шумор рафта, касалии вируси пандемия (COVID - 19) аҳолиро ба тахлуқа андохт. Имрӯз шумораи гирифторони бемории сироятии навъи (COVID - 19)дар тамоми ҷаҳон қариб 1 млрд нафарро ташкил медиҳад. Дар ин робита гирифторони бемории сироятии навъи (COVID - 19) агар ба маълумотҳо нигоҳ кунем, дар қиёс ба чанд давлатҳои ҷаҳон, ки имрӯз вақти комендатӣ эълон гаштааст дар мо коҳиш ёфтааст, яъне дар ҳолати имрӯза ягон ҳодисаи сироятёбии мавҷуд нест. Баробари он, қайд кардан зарур аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ҳам реҷаи ниқобӣ амал карда ҳар як шаҳрванд нисбати саломатии худ ва гирду атроф беаҳамият набошад. Бояд қайд, ки ин бемории сироятии навъи (COVID - 19) дар ҷаҳон аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле зарар расонидааст, ки соли 2021 нисбати хӯрокворӣ танқисӣ кашида мешавад.

Пешвои муаззам дар Паёми худ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, таъкид доштанд, ки “Таҳким бахшидан ба иқтидориилмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштанисифати таълим дар ҳамаи зинаҳоитаҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”. Дар ҳақиқат тайи 29 соли истиқлолият дар мамлакат ба соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи беандоза зоҳир шуда истодааст.

Чӣ хеле, ки Пешвои миллат қайд намуданд, “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон ҷавобан ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар заҳмат кашида,ба тарбияи шогирдон ба масъалаи сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таълим диққат дода, дараҷаи дониши хонандагону донишҷӯёнро боло бардорем. Пеш аз ҳама омӯзгор бояд нисбат ба касби худ серталаб бошад. Барои баланд бардоштани самаранокии дарс мақсад ва вазифаҳои онро бояд муайян намояд. Пас аз он мо метавонем сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар гардонем. Баҳри амалӣ гардидани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, омӯзгорон сарҷамъ бошем ва бо кори амалии худ садоқати худро нишон диҳем.

Кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкологияи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ