​Ҳуқуқшиноси “беамал”

Эълон гардидани қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани санаи интихобот ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-11-уми октябри соли 2020 амалест, ки низоми давлатдориро инъикос менамояд ва нишонаи мавҷудияти меъёрҳои демократӣ дар давлатдории Тоҷикистон мебошад. Ин хабари расмиро ҷомеаи меҳнатқарини Тоҷикистон хеле хуш пазируфтаанд. Вале, бархе аз шаҳрвандон, ки худ барои сулҳу суботи кишвар ва рушди ҷомеа заррае ҳам заҳмат накашидаанд, аз ин қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори норозигӣ кардаанд ва ҳатто баъзе аз онон, ба мисли Раҳматулло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов ва ғайра худро “ҳуқуқдону доно” тарошида қарори зикрёфтаро ғайриқонунӣ меҳисобанд. Ҳатто онон аз Додгоҳи коститутсионӣ ва Прокурори кулли Тоҷикистон дархост карданд, ки ба қарори зикрёфта баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Эҳтимол меравад, ки ин шаҳрвандоне, ки худро “доно” метарошанд, бехабаранд, ки дар дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин нафар ҳуқуқшиносони ботаҷриба ва соҳибунвон фаъолият менамоянд, ки баъзе аз онҳо муаллифони асосии воридоти тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва сатҳи донишу малакаи ҳуқуқии онҳо аз дигар мутахассисони соҳибкасб болотар қарор дорад.

Раҳматулло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов ва дигар ҳуқуқшиносони “номӣ” дар таҳкими сохти конститутсионӣ ва фазои ҳуқуқии кишвар ягон таклифу пешниҳодҳои арзанда накарданд ва пайваста вазифаи худро дар эродгирӣ ва хӯрдагарӣ ба амалҳои роҳбарияти олии кишвар медонанд. Хандаи кас меояд, ки нафаре, ки чун намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон метавонист дар таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ ҳамчун шаҳрванди воқеии фаъол ва мутахассиси соҳаи ҳуқуқ мавқеи созандаро ишғол намояд, даъвои “ҳуқуқшиносӣ” мекунад. Алалхусус, ибрози эрод аз ҷониби Р. Зойиров ба радиои Озодӣ “тақрибан ба як моҳ пеш таъйин кардани замони баргузории интихобот ниҳодҳои марбути ваколатдори давлат ва ғайридавлатӣ бо таъсиси комиссияҳои интихоботӣ, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҷамъ кардани маблағ ва муҳайё намудани заминаи эҳтимолии иҷтимоӣ ва ҷамъоварии имзо машғул бояд шаванд. Аз ин рӯ вақте як моҳ пеш замони баргузории интихоботро таъйин карданд, анҷоми чунин корҳо низ ба як моҳ пеш гузаронида шавад, ки ин чиз на танҳо нерӯи зеҳнӣ, балки омилҳои инсонӣ ва дигар хароҷоти молиявӣ ва дигарҳоро дар назар дорад”. Агар, Раҳматулло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов ва дигар ҳуқуқшиносони “номӣ” мехостанд, ки ҳақиқатро дарёбанд на ба воситаҳои ахбори оммаи зархариди хориҷӣ (радиои Озодӣ) балки расман ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат мекарданд. Хусусан, андешаи муғризонаи онҳо ҷиҳати аз ҷониби Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳодиҳии манфӣ ба интихоботи пешинаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ношаффафу ғайриодилона баргузор гаштани онҳо аз мавқеи хусуматонаи онҳо арзёбӣ мегардад.

Ҷомеаи муттамадини Тоҷикистон ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвар муттаҳиду сарҷамъ буда дасисабозию иғвогариҳои Раҳматулло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов ва дигар ҳуқуқшиносони “номӣ”-ро қотеъона маҳкум менамоянд ва ҳамеша бар зидди ин шахсиятҳои бетарафи кишвар муборизи беамон мебаранд.

Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ